Аз Намояндагии СММ оид ба мусоидат ба Афғонистон хабар доданд, ки бар асари ҳамла ба мошини СММ дар Кобул як корманди ин созмон кушта ва ду нафари дигар захмӣ шудаанд. Дабири кулл Антониу Гутерриш даъват кардааст, ки гунаҳкорон дарёфт ва муҷозот шаванд.
Дар СММ ҳамла ба мошини дорои нишони СММ-ро қотеъона маҳкум кардаанд. Тавре ҳукумати Афғонистон хабар медиҳад, пас аз соати шаши бегоҳ дар яке аз кӯчаҳои серодами Кобул ба автомашина норинҷак партофта шудааст.
Бино ба иттилои Намояндагии СММ, яке аз кормандони дар автомобил қарордошта кушта ва боз ду нафар, ки яке аз онҳо афғон будааст, захмӣ шудаанд. Ному насаби фавтидагону захмишудагон зикр нашудааст.
Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти котиби матбуотии ВКД-и Афғонистон Нусрат Раҳимӣ, 5 нафар, аз ҷумла, 2 корманди афғон захмӣ шудаанд.
Ба гуфтаи Раҳимӣ, инфиҷор замоне рух додааст, ки воситаи нақлиёт дар яке аз кӯчаҳои пуродаму сермошин дар қаламрави ҳавзаи пулиси рақами 9 ҳаракат мекардааст.
Масъулияти ҳамларо то ин дам касе бар дӯш нагирифтааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Нақшаи даъвати ҳарбӣ 70% иҷро шуд. “Облава” аз байн рафт?
Дар Суғд куҳансолтарин дарахтонро рӯйхат мекунанд
Тамокукашӣ ва вазни зиёдатӣ: чӣ гуна бо одатҳои бад метавон аз саратон пешгирӣ кард?
Даст ба ҷайби мардум? Ва ё чаро ҳизбҳои сиёсӣ набояд аз буҷети давлат маблағгузорӣ шаванд?
Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки марказии Ӯзбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
Ҳукми қатли Бобаки Занҷонӣ бекор шуд. Ӯ кист ва бо Тоҷикистон чӣ иртибот дорад?
Дар “Хуҷанд” маош намедиҳанд. Посухи сармураббӣ
Тоҷикистон барои шаҳрвандони 25 кишвари дигар низоми раводидро бекор кард
“Аз фурудгоҳ ихроҷ карданд, сабабашро нагуфтанд”. Русия садҳо муҳоҷири тоҷикро ихроҷ кардааст
Сироҷиддин Муҳриддин гуфтааст, изҳороти Сергей Лавров “бо вазъи воқеӣ мувофиқат намекунад”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста