Сюжет "Ҳамла ба "Крокус Сити Ҳолл"" | Хабарҳои Тоҷикистон ASIA-Plus
Бекор кардан 

Ҳамла ба "Крокус Сити Ҳолл"

Акс аз сомонаи grodno24.com.
Сурат: «Крокус Сити Ҳолл» баъди ҳамлаи террористӣ

Ҳамлаи террористӣ дар "Крокус Сити Ҳолл"-и Маскав рӯзи 22 март тақрибан соати 20:00 рух дод. Ҳамлагарон ба сӯйи ғайринизомиён дар бино оташ кушода, толори мусиқиро оташ заданд ва фирор карданд. Бар асари ин ҳамла беш аз 140 нафар кушта ва садҳо нафар маҷрӯҳ шуданд. Ин ҳамла яке аз бузургтарин ҳамлаҳои террористӣ дар таърихи Русия аст, ки масъулияти ҳамларо бахши афғонистонии созмони террористии "Давлати исломӣ" - Вилояти Хуросон ба ӯҳда гирифт. Чаҳор шаҳрванди Точикистон ҳамчун гумонбари бевоситаи ҳамла ва чанд нафари дигар ҳамчун шарик ба ҳабси пешакӣ гирифта шудаанд. Баъди ҳамлаи террористӣ фишор болои муҳоҷирони тоҷик аз ҷониби мақомоти Русия ва бегонаситезӣ аз сӯйи афроди алоҳида бештар шуд. Ҷониби Тоҷикистон дар пайи фишорҳои ахир болои шаҳрвандонаш дар Русия чандин бор изҳори нигаронӣ кард ва ба сафири ин кишвар дар Тоҷикистон нотаи эътирозӣ супорид.