Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон мегӯяд, то имрӯз дар мактабҳои Тоҷикистон 44 номгӯй китоби дарсӣ бо теъдоди тақрибан 500 ҳазор нусха намерасад. Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи масъулин, танҳо дар соли ҷорӣ онҳо беш аз 4 млн нусха китоби дарсӣ нашр кардаанд.
Наҷмиддин Зайниддинзода, директори Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсии Вазорати маориф ва илми кишвар дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, онҳо давоми соли равон 40 номгӯй китоби дарсӣ бо теъдоди 4 млн 318 ҳазору 630 нусха нашр кардаанд, ки ин дар муқоиса ба соли 2021-ум 1 млн 397 ҳазор нусха зиёд аст. Вале бо вуҷуди ин, дар кишвар норасоии китобҳои дарсӣ ба чашм мерасад.
Ба таъкиди вай, эҳтиёҷ ба китобҳои дарсӣ дар соли таҳсили 2022-2023 4 млн 508 ҳазору 260 нусха буд ва онҳо тавонистанд, то охири моҳи октябр мактабҳоро бо 4 млн 55 ҳазору 795 нусха китоби дарсӣ таъмин кунанд.
“Яъне то имрӯз мактабҳои Тоҷикистон ба 452 ҳазору 465 нусха китобҳои дарсӣ эҳтиёҷ доранд. Аз рӯи таҳлили мо, дар тамоми мактабҳои кишвар барои соли таҳсили 2023-2024-ум 44 номгӯй китоби дарсӣ аз 20 ҳазор то 150 ҳазор нусха намерасад”, - нигаронӣ кард Наҷмиддин Зайниддинзода.
Ин масъули Вазорати маориф ва илм гуфт, ин китобҳо дар мактабҳои Тоҷикистон бо усули иҷора тақсим карда мешавад ва “дар шароити имрӯза низоми иҷора яке аз роҳҳои муфидтарини расонидани китобҳои дарсӣ ба хонандагон аст”.
Вале ӯ гуфт, бо вуҷуди ин, баъди 12 соли усули иҷораи китобҳои дарсӣ Вазорати маориф ва илми кишвар тасмим гирифт, ки ин тартибро бознигарӣ карда, дар навбати аввал китобҳои дарсии синфҳои 1-ро якдафъаина кунад: онҳо китоби дарсиро мехаранд.
“Моҳи июл тамоми барномаҳо ба стандартҳои давлатӣ барои синфҳои 1 то 4 бознигарӣ шуда, аз сӯи Шӯрои миллии таҳсилот дастгирӣ ёфт. Таълими ин китобҳо дар 80 мактаби ҷумҳурӣ ба таври озмоишӣ ё пилотӣ идома дорад. Дар сурати дастгирӣ ёфтани ин барномаҳои нав китобҳои дарсии синфҳои 1-ум дар анборҳову дасти хонандагон намемонад ва онҳоро синфҳои 1 пурра харидорӣ мекунанд”, - гуфт Наҷмиддин Зайниддинзода.
“200 сомонӣ барои иҷораи китоб”. Китобҳои дарсӣ кай ройгон мешаванд?
Бояд гуфт, ки дар асоси натиҷаҳои назарпурсии Asia-Plus, 30 дарсади тоҷикон китобҳои дарсиро мустақилона харида, 70 дарсади дигар онҳоро аз мактаб ба иҷора мегиранд.
Арзиши умумии иҷораи китобҳои дарсӣ дар як сол метавонад то 50 сомонӣ (барои 24 дарсади пурсидашудагон), то 100 сомонӣ (20 дарсад), то 150 сомонӣ (34 дарсад) ва то 200 сомонӣ ва зиёдтар аз он (20 дарсад)-ро ташкил диҳад.
Дар ҳамин ҳол, коршиносон бар ин назаранд, ки иҷораи пулакии китобҳои дарсӣ метавонад риоя накардани ҳуқуқ ба таҳсили умумӣ бошад, ки дар моддаи 41-и Конститусияи ҶТ муқаррар шудааст.
Дар ҳамин ҳол, чанде пештар дар Ӯзбекистон иҷораи бепули китобҳои дарсӣ ба хонандагони мактабҳо ҷорӣ шуд ва дар робита ба татбиқи таҷрибаи Ӯзбекистон дар Тоҷикистон Наврӯзи Ҷумъамурод, мутахассиси пешбари Маркази омодагӣ, нашр ва тақсимоти китобҳои дарсии Вазорати маориф ва илми кишвар чунин гуфта буд:
“Қабули чунин қарор барои буҷети мақомоти маҳаллӣ бори вазнин шуда метавонад. Вазорати маориф ва илм дар оянда метавонад имкони пардохти омехтаи иҷора, зиёд кардани теъдоди китобҳои дарсӣ ё арзон кардани арзиши онҳоро баррасӣ кунад, аммо дар ҳоли ҳозир лоиҳаи расмӣ вуҷуд надорад”.
Бояд гуфт, ки дар муддати се сол мактабҳо ба Вазорати маориф арзиши пурраи китобҳои дарсиро пардохт намуда, китоби дарсӣ комилан моликияти мактаб мешавад.
Пардохти маблағ тариқи зайл сурат мегирад: соли аввал мактабҳо 34 дарсад аз арзиши китоб ва солҳои дуюму сеюм – 33 дарсади онро пардохт мекунанд.
Масалан, агар китоби дарсӣ 20 сомонӣ нарх дошта бошад, соли аввал маблағи пардохт 6,80 сомонӣ ва соли дуюму сеюм - 6,60 сомониро ташкил медиҳад. Раҳбарияти мактаб дар бораи боло бурдани арзиши иҷораи китоби дарсӣ то 50 дарсад аз нархи иҷораи он дар соли сеюми истифода қарор қабул карда метавонад.
Ин маблағ барои таъмини кори китобхонаҳо, боло бурдани маоши омӯзгорон ё таъмини кӯдакон аз оилаҳои камбизоат бо китобҳо равона мегардад.
"Ба мо китоб фиристед”. Нигаронӣ аз норасоии китоби тоҷикӣ дар мактабҳои бурунмарзӣ
Норасоии китобҳои дарсӣ на танҳо дар мактабҳои дохилии Тоҷикистон, балки дар макатабҳои тоҷикии берун аз Тоҷикистон низ ба назар мерасад. Аз ҷумла, чанде пештар Радиои Озодӣ хабар дод, ки масъулони чанд мактаби тоҷикӣ дар Қазоқистон аз норасоии китобҳои дарсӣ шикоят доранд.
“Китоб намерасад, бахусус барои хонандагони синфҳои поёнӣ. Мо чанд дафъа дархост додем, то ҳол ҷавобаш наомадааст. Соли 2020 дар вақти омадани сел бисёре аз китобҳоро об бурд. Баъди он камбудии китоб зиёдтар шуд. Хоҳиш мекунем, ки китобҳо дастрас шавад," – нигаронӣ карда буд Абдурауф Файзиев, муаллими синфҳои ибтидоии мактаби тоҷикии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ дар Қазоқистон.
Ҳамчунин, Абдурофеъ Султонов, китобдори ин мактаб афзудааст, ки аксари китобҳое, ки аз шоирони тоҷик мондааст, куҳна ҳастанд: "Хоҳишамон ин аст, ки китоби дарсӣ аст ва ё бадеӣ, барои мо расонанд. Хонандагони мо бояд аз таърихи гузаштаи худ бохабар бошанд”.
Дар робита ба ин масъала, Наҷмиддин Зайниддинзода зимни суҳбат бо мо гуфт, ки онҳо омодаанд, ки барои тоҷикони бурунмарзӣ низ китобҳои дарсӣ дастрас кунад, вале бархе аз компонентҳои Тоҷикистон, ба мисли муқаддасоти миллӣ ба сиёсати кишварҳое, ки тоҷикон онҷо забони давлатӣ мехонанд, мутобиқат намекунад ва аз ин рӯ, аз ҷониби онҳо дархост нашудааст.
“Чанде пеш раиси диаспораи тоҷикони Қирғизистон омад, китобҳои тоҷикиро пешниҳод кардем, гуфт, бархе навиштаҳои китобҳо аз ҷониби Вазорати маорифи он кишвар дастгирӣ намеёбад. Баъдан мо китобҳои ҷамъиятшиносиро, ба шакли электронӣ додем, то онҳо қисмате, ки мувофиқат намекунад, ба худ мувофиқ карда нашр кунанд”, - гуфт ин масъули Вазорати маориф ва илми кишвар.
Мушкилӣ норасоии китобҳои дарсӣ дар мактабҳои Тоҷикистон чанд сол аст идома дорад. Тавре гуфта мешавад, вазорати маориф ва илм барои ҳалли он кӯшиш дорад, вале тавре дида мешавад, он басанда нест.
In a shock offensive, insurgents breach Syria’s largest city for the first time since 2016
Joint Statement of the Fifth China-Central Asia Foreign Ministers’ Meeting
5th China-Central Asia Foreign Ministers' meeting held in China on Sunday
Tajik, Chinese foreign ministers meet in Chengdu to discuss cooperation
‘The youth of Tajikistan needs education and jobs’ says EU Special Representative for Central Asia
‘Boim’ extradited to Tajikistan from Turkiye where he went after 14-year prison stint in Russia
Trump threatens 100% tariff on BRICS countries if they pursue creating new currency
Tajikistan poised to become a global leader in antimony production
Shirinsho Shotemur the first citizen of Tajikistan
A Russian MP blames migrants for the devaluation of the Russian ruble
All news
Авторизуйтесь, пожалуйста