Оҷонсии зиддифасод рӯйхати ниҳодҳоеро, ки дар соли ҷорӣ мавриди санҷини нақшавӣ қарор медиҳад, нашр намуда, аз ҷомеаи шаҳрвандӣ хостааст, барои ошкорсозии хавфи амалҳои коррупсионӣ маълумот ва таклифу пешниҳодҳои худро ироа намоянд.
Тибқи рӯйхати нашркардаи Оҷонсии зиддифасод соли 2023 Агентии хизмати давлатӣ, Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Агентии содирот, Агентии авиатсияи гражданӣ, Академияи идоракунии давлатӣ, ҳукуматҳои шаҳри Панҷакент ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ноҳияи Хуросон ва шаҳри Ваҳдат мавриди санҷиш қарор мегиранд.
Ҳамчунин, дар ин сол Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ва Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон низ аз ҷониби Оҷонсии зиддифасод санҷида мешаванд.
Гуфтан ба маврид аст, ки санҷиши ниҳодҳои давлатии кишвар аз ҷониби Оҷонсии зиддифасод ба таври нақшавӣ гузаронида мешавад ва одатан ҳар сол ниҳодҳое, ки мавриди санҷиш қарор мегиранд, ба нақша ворид мегарданд.
Ёодовар бояд шуд, ки аксари ниҳодҳои ба нақшаи санҷиши имсолаи Оҷонсии зиддифасод воридшуда давоми соли 2022 бо ҳолатҳои ошкоршавӣ ва боздошти кормандони бо фасод алоқаманди худ дар расонаҳо зикр шуда буданд.
Аз он ҷумла, дар соли 2022 оид ба боздошти Шавкат Бобозода, директори пешини Агентии содирот хабар интишор гардида буд. Дар хабари нашршуда зикр мегардид, ки нисбати Шавкат Бобозода бо банди 247, қисми 4-и Кодекси ҷиноӣ (қаллобӣ дар ҳаҷми махсусан калон) парвандаи ҷоноӣ боз шудааст. Мақомоти расмӣ ин иттилоро тасдиқ ё рад накардааст. Аммо моҳи сентябри соли 2022 Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо имзои қарори ҳукумат Шавкат Бобозодаро аз вазифаи директори Агентии содирот озод намуд.
Имрӯз, 27-уми январ, Радиои Озодӣ бо такя ба манобеи худ навишт, ки Шавкат Бобозода пас аз барқарор кардани 280 ҳазор доллар ва пардохти 128 ҳазор сомонӣ ҷарима озод шуд.
Агентии назорат дар соҳаи маориф ниҳоди дигарест, ки соли 2022 ба моҷарои фасодкорӣ дар расонаҳо ёд шуд. Дар хабарҳои расонаҳо зикр мешуд, ки санҷиши ин ниҳод тасарруфи 1,8 млн сомониро ошкор намудааст. Оҷонсии зиддифасод дар посух ба мактуби “Азия-Плюс” ин иттилоъро тасдиқ кард ва гуфт, ки нисбати шахсони масъули Агентии назорат дар соҳаи маориф барои азхудкунии маблағҳои махсусан калон парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳам соли гузашта ҳолати даст задани масъули давлатӣ ба фасод ба қайд гирифта шуд. Оҷонсии зиддифасод иттилоъ дода буд, ки Ҳамза Ҷумазода дар вазифаи сардори шуъбаи барӯйхатгирии техникии Корхонаи давлатии фаръии “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар ноҳияи Б.Ғафуров ва сипас дар ҳамин вазифа дар шаҳри Конибодом кору фаъолият карда, ба гирифтани 7000 сомонӣ гумонбар аст.
Соли 2022 дар шаҳри Ваҳдат низ чанд нафар боздошт шуданд. Аз ҷумла, Зоҳирҷон Солиев, назоратчӣ-барқчии Шабакаҳои тақсимоти барқи шаҳри Ваҳдат ба гирифтани 3 ҳазору 800 сомонӣ ва Ғаффоров Ҷамшед, корманди Нозироти андоз дар шаҳри Ваҳдат ба гирифтани 10 ҳазор сомонӣ пора айбдор мешуданд.
Дар шаҳри Панҷакент бошад, Асадҷон Баҳромов, корманди собиқадори Раёсати ҳифзи иҷтимоӣ ва нафақа дар шаҳри Панҷакент ба гирифтани пора гумонбар шуда буд, ки 11-уми январ дар манзили истиқоматиаш худро ба дор овехт.
Ҳамакнун, Оҷонсии зиддифасоди Тоҷикистон нақша дорад ниҳодҳои дар боло зикршударо мавриди санҷиш қарор диҳад ва барои ин аз ҷомеаи шаҳрвандӣ даъват ба амал овардааст, ки ҷиҳати ошкорсозии хавфи амалҳои коррупсионӣ дар муассисаҳои болозикр, аз ҷумла сатҳи баррасии муроҷиатҳо, шаффофияти фаъолияти онҳо, сомонаи интернетӣ ва амсоли инҳо маълумот ва таклифу пешниҳодҳои худро тариқи почтаи электронӣ ба суроғаи [email protected] ирсол намоянд.
Ёдовар мешавем, ки раиси Оҷонсии зиддифасоди Тоҷикистон Сулаймон Султонзода дар нишасти матбуотии соли 2022 сохторҳои фасодзадаи кишварро номбар кард, ки дар ин миён ҳукуматҳои шаҳру ноҳияҳо, маориф, тандурустӣ, замин ва соҳаи бонкдорӣ дар раддаи авал қарор доштанд.
Congratulations on Vicotry Day
The world's most popular sport now has its own day for fans to celebrate — May 25
A conference expected to be held in Dushanbe next week to discuss once again the media law on media
Iran can serve as gateway for Central Asian countries to internal markets, says Iranian ambassador to Tajikistan
Another incident with use of firearms occurs on Tajik-Kyrgyz border
All five Central Asian leaders to attend Victory Day events in Moscow
Tajikistan ranked 1550th out of 180 countries and territories in terms of press freedom
By president’s order Tajik war veterans will receive 40,000 somonis each on the occasion of Victory Day
Tajikistan signs the Declaration on Children, Youth and Climate Action
Italy to host the 58th ADB Annual Meeting in 2025
All news
Авторизуйтесь, пожалуйста