Тоҷикистон соли 2024 12 ёдгории таърихӣ-фарҳангии Хутали қадимро ба Феҳристи мероси фарҳанги умумибашарии ЮНЕСКО пешниҳод мекунад. Дар ин бора Мирзошариф Абдусаломов, сардори шуъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангии Вазорати фарҳанг хабар дод.
Номбруда гуфт, ки имсол дар назар аст, ки номинатсияи «Хутали қадим»-ро дар шакли силсилаҷоиза ба феҳристи умумибашарӣ пешниҳод намоем. Ба ин ёдгориҳо:
- «Қалъаи Ҳулбук» дар ноҳияи Восеъ
- «Шаҳристони Ҳулбук» дар ноҳияи Восеъ
- «Манзартеппа» дар ноҳияи Восеъ
- «Қасри шоҳони Хутал» дар ноҳияи Восеъ,
- Ёдгории «Золи Зар» дар ноҳияи Данғара
- Мақбараи «Мавлоно Тоҷиддин» дар ноҳияи Данғара,
- Шаҳраки Золи Зар дар ноҳияи Фархор
- Шаҳртеппа дар ноҳияи Фархор
- Корвон-саройи Тоҳир дар ноҳияи Фархор
- «Хишттеппа» дар ноҳияи Ховалинг
- Дайри буддоии «Аҷинатеппа» дар ноҳияи Вахш
- Шаҳраки Ҳалевард- Кофирқалъа дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дохил мешаванд.
Қаблан иттилоъ дода мешуд, ки Тоҷикистон зам дорад дар соли 2024 ҷашни “Мерҳгон”ро ҳам ба феҳристи умумибашарии ЮНЕСКО пешниҳод кунад.
Ёдовар мешавем, ки дар иҷлосияи 18-уми Кумитаи байниҳукуматии Созмони мероси ғайримоддӣ, ки аз 4 то 9 декабр дар шаҳри Касане (Ботсвана) баргузор шуд, ба феҳристи ЮНЕСКО беш аз 40 унсури нав ворид карда шуданд.
Дар иҷлосияи се номзад аз Тоҷикистон ба рӯйхат шомил шуданд. Ҷашни Сада, ҳунари бофтани атласу адрас ва зарҳалкорӣ ба Феҳристи мероси ғайримоддии ЮНЕСКО ворид гардиданд.
Эмомалӣ Раҳмон, расиҷумҳури Тоҷикистон дар паёми охири худ гуфт, ки соли 2023 15 ёдгории таърихиву фарҳангии тоҷикон ба Феҳристи фарҳанги моддӣ ва ғайримоддии ЮНЕСКО ворид шуд.
Ӯ ҳамчунин супориш дод, ки бо мақсади густариш бахшидани тармиму барқарорсозӣ ва ҳифзи ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ, инчунин рушди сайёҳӣ дар ин самт дар назди Ҳукумати мамлакат сохтори алоҳида – Агентии ҳифзи мероси таърихиву фарҳангӣ таъсис дода шавад.






Electricity and heating rates to change in Tajikistan — likely to increase
Dushanbe police prevent knife fight among teenagers in Dushanbe
From Tajikistan to Japan: jiu-jitsu team sets sights on 2026 Asian Games
Former Kyrgyz President Almazbek Atambayev stripped of state honors
“Made in Central Asia”: A Regional Brand with Global Potential
Tajikistan and Uzbekistan discuss expanding capacity at Sarazm–Jartepa BCP
Woman in southern Tajikistan accused of driving her daughter-in-law to suicide
Tajikistan needs $6.5 billion over the next five years to develop energy sector
India and Central Asia ready to explore economic and trade opportunities
Tajik and Taliban foreign ministers discuss border clash in rare phone call – Amir Khan Muttaqi
All news
Авторизуйтесь, пожалуйста