Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсӣ (КМИР) бо нашри як иттилоия дар АМИТ “Ховар” хабар дод, ки дар интихоботи парлумонии Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз, 2-ми март оғоз кардида, ҳоло ҷараён дорад, то соати 12:00 59 дарсади овоздиҳандагон иштирок кардаанд.
“Ҳамин тавр, дар Тоҷикистон интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон баргузоргардида ҳисобида шуд. Интихобот дар сурате баргузоршуда ҳисобида мешавад, ки агар зиёда аз 50 фоиз интихобкунандагон ба участкаҳои интихоботӣ ҳозир шаванд”, - гуфт КМИР.
Тасдиқи дурусти ин иттилоъ аз дигар манбаъҳо ғайриимкон аст. КМИР ба хабаргузории “Азия-Плюс” барои пӯшиши раванди интихобот иҷоза надод ва аз ироа ҳар гуна иттилоъ ҳам худдорӣ мекунад.
Бояд гуфт, ки интихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистон соли ҷорӣ бо иштироки 6 ҳизби сиёсӣ идома дорад. Чанд номзади мустақил ҳам кориди корзори интихоботӣ ҳастанд. Дар умум, барои 63 курсии пурлумони Тоҷикистон 220 номзад, аз ҷумла 68 номзад аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳурӣ ва 152 номзад аз ҳавзаҳои якмандатӣ мубориза мебаранд.
Гуфта мешавад, барои гузаронидани интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон дар кишвар 41 ҳавзаи якмандатии интихобот ва 3513 участкаи интихоботӣ таъсис дода шудааст.
Ҳамчунин, берун аз кишвар дар 28 давлати дунё 36 участкаи интихоботӣ ташкил гардидаанд.
Натиҷаҳои пешакии интихоботи парлумонии Тоҷикистон давоми 24 соат пас аз анҷоми овоздиҳӣ ва натиҷаҳои ниҳоӣ на дертар аз ду ҳафта пас аз анҷоми интихобот эълон мешавад.

Ёдовар мешавем, ки ҳамаи 6 ҳизбе, ки вориди корзори интихоботӣ шудаанд, аз мавқеи ҳукумат ошкори пинҳон пуштибонӣ мекунанд. Барномаҳои аксари онҳо ҳам ба ҳам шабоҳатҳои зиёд дорад.
Ягона ҳизби расман амалкунанда – Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон дар интихобот иштирок намекунад ва сабаби иштирок накарданашро ҳам шарҳ надодааст.
Имсол бори аввал ҷараёни интихоботи парлумонии Тоҷикистонро нозирони САҲА назорат нахоҳанд кард Дафтари институтҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари САҲА эълон кард, ки барои назорати интихоботи парлумонӣ ба Тоҷикистон нозирони худро намефиристад.
Ин созмон далели дасткашӣ аз назорати интихоботи парлумониро “набудани кафолат аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон дар бораи сабти ном ё аккредитатсияи нозирон”-аш унвон кард.
Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, гуфт САҲА ба сабаби вайрон кардани тартиби бақайдгирӣ сабти ном нашуданд.
Tajikistan authorities change electricity supply schedule for the holy month of Ramadan
Tajikistan increases electricity exports to neighbors by nearly three times
Tajikistan, Kyrgyzstan intend to restore direct air links between the two countries
EDB names reasons for the rise in Chinese investments in the economies of Central Asian countries
If Tajikistan authorities listened to specialists and farmers
The United States halts military aid to Ukraine
The most popular cars imported into Tajikistan in 2024
Prices in the first days of the holy month of Ramadan: they are already rising
Tajikistan's farmers forced to grow cotton
Tajikistan ranked among the "worst" nations in terms of freedom and rights
All news
Авторизуйтесь, пожалуйста