Дирӯз, 16 март аввалин парвози ҳавопаймоӣ дар масири Бишкек-Хуҷанд-Бишкек анҷом ёфт. Ҳайати расмии Қирғизистон ва журналистону блогеронро намояндагони расмии Тоҷикистон пешвоз гирифта, меҳмондорӣ карданд.
Ҳавопаймои ширкати қирғизии “Asman Airlines” дирӯз пас аз нисфирӯзӣ ба шаҳри Хучанд фуруд омад. Меҳмононро дар фурудгоҳ намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, ҳукумати вилояти Суғд ва фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Хуҷанд пешвоз гирифтанд.
Дар доираи сафар меҳмон аз осоишгоҳи “Баҳористон, “Баҳри тоҷик”, қасри Арбоб ва қалъаи Хуҷанд боздид намудаанд. Ҳавопаймо бо ҳайати Қирғизистон шоми дирӯз ба Бишкек баргашт.
Ба иттилои Kaktus.media, хатсайри маъмулӣ дар масири Бишкек-Хуҷанд-Бишкек 8 апрел оғоз шуда, ҳафтае як маротиба, рӯзҳои сешанбе анҷом мешавад.
Бояд гуфт, субҳи 14 март аввалин парвози ҳавопаймоӣ аз Душанбе ба Бишкек ва баръакс баъд аз 4 соли таваққуф дубора анҷом ёфт.
Мусофирони ҳавопаймои ширкати “Сомон-Эйр” ҳайати расмии Тоҷикистон, журналистону блогерон ва намояндагони ширкатҳои сайёҳӣ буданд. Парвоз дар масири Душанбе-Бишкек-Душанбе анҷом ёфта, ҳайати Тоҷикистон ҳамон рӯз пас аз нисфирӯзӣ ба Душанбе баргаштанд.
Ба иттилои ширкати “Сомон-Эйр”, хатсайри маъмулӣ байни ду кишвар 23 март оғоз шуда, ҳафтае як маротиба, рӯзҳои якшанбе анҷом мешавад.
Ёдовар мешавем, парвозҳои ҳавоӣ байни Душанбе ва Бишкек моҳи майи соли 2021 бо сабаби маҳдудияти ҷониби Қирғизистон ба вуруди шаҳрвандони Тоҷикистон мутаваққиф шуда буд.
Рӯзи 25 майи соли 2021, тақрибан ба 200 мусофири парвози чартерии «Сомон Эйр» иҷозати вуруд ба Қирғизистон надоданд ва маҷбур шуданд дубора ба Душанбе баргарданд. Моҳи июни соли 2021, ҳукумати Қирғизистон расман марзҳо бо Тоҷикистон баст, ки ин ба қатъи парвозҳо байни ду кишвар низ дахл дошт.
Азнавсозии парвозҳои ҳавоӣ байни ду кишвар пас аз имзои созишномаи ниҳоии марзӣ байни Тоҷикистон ва Қирғизистон ва боз шудани марз имконпазир гашт.






Tajik teen develops country’s first AI legal assistant, Moni
Tajikistan and Japan sign landmark agreements at Central Asia–Japan Business Forum in Tokyo
Emomali Rahmon meets Japanese Prime Minister Sanae Takaichi in Tokyo to strengthen bilateral ties
Central Asia and Japan launch new era of cooperation at first-ever CA+JAD leaders’ summit
Tajik leader highlights green development and regional cooperation at Central Asia–Japan summit
ADB, Eskhata Bank sign deal to expand green financing for small businesses in Tajikistan
Tajikistan presents draft of Environmental Code
Eskhata Bank enters new phase of financing: first direct loan from ADB to support SMEs and green initiatives in Tajikistan
Meeting with Tajik students studying in Japan
President of Tajikistan discusses bilateral relations with Japanese Emperor
All news
Авторизуйтесь, пожалуйста