Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ҳамасола таваҷҷуҳи вазорату идора ва ниҳодҳои дахдорро ба дастнорас будани қарзҳои арзон барои соҳибкорон ҷалб намуда, ҷиҳати ҳалли ин мушкил дастуру супоришҳо медиҳад. Ин дастури супоришҳо то кадом андоза иҷро мешаванд?
Президенти кишвар дар паёми ахир худ ба парлумон бори дигар доир ба зарурати рӯйи даст гирифтани тадбирҳо ҷиҳати коҳиши меъёри қарзҳо ва дар ҳамин ҳол, афзоиши ҳаҷми пешниҳоди онҳо изҳори назар кард.
Ӯ зикр кард, ки тайи 5 соли ахир бонкҳо ба маблағи зиёда аз 80 млрд сомонӣ қарз додаанд. Ба таъкиди вай, то соли 2027 ин нишондиҳанда бояд ба 100 млрд сомонӣ расонида шавад.
Қобили зикр аст, ки президент қариб ҳамасола дар паёмҳои худ бо намояндагони бахши молия ва бонкҳо доир ба зарурати коҳиши арзиши қарзҳо сухан мегӯяд.
Ҳанӯз моҳи майи соли 2018 ӯ дастур дода буд, ки арзиши воқеии қарзҳо муайян карда шуда, давра ба давра меъёрҳои фоиз поин бурда шаванд.
Барои иҷрои ин супориш дар Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ҳатто гурӯҳи кории марбута таъсис дода шуд, вале дар зарфи ин 8 сол ҳеҷ тағйироти назаррасе сурат нагирифтааст.
Бино ба маълумоти БМТ, меъёри миёнавазни фоизҳои қарз бо асъори миллӣ дар моҳи январи соли ҷорӣ 22,88% ва дар соли 2018-ум 26%-ро ташкил дода буд.
Дар ҳамин ҳол, ҳаҷми қарзҳое, ки соли 2024 дода шудааст, 24,6 млрд сомониро ташкил додаааст, ки қариб 30% нисбат ба соли 2023 зиёдтар аст.
Аз ҳаҷми умумӣ 47,1% ба қарзҳои истеъмолӣ, 14,6% - ба савдои хориҷӣ, 12,7% - ба бахши кишоварзӣ, 12,4% - ба соҳаи саноат, 6,9% - ба бахши хидматрасонӣ, 3,9% - ба сохтмон ва 2,3% - ба дигар бахшу соҳаҳо рост меояд.
То охири соли 2024 бақияи умумии сандуқи қарзии ташкилотҳои қарзӣ 21,4 млрд сомониро ташкил додааст, ки қариб 20% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 аст.
Монеаҳо
Дастнорас будани маблағгузорӣ бо шартҳои қобили қабул яке аз монеаҳои асосӣ дар рушди соҳибкорӣ маҳсуб меёбад.
Намояндагони тиҷорат бисёр вақт бо норасоии воситаҳои гардиш дучор шуда, маҷбур мешаванд, ки ба бонкҳо муроҷиат кунанд. Аксарият медонанд, ки баргардонидани пул бо меъёрҳои фоизи пешниҳодгардида ба қарз хеле душвор мешавад, вале сарфи назар аз ин, бо умеди ба хушӣ анҷом ёфтани қазия, ба ин кор розӣ мешаванд.
Бисёр вақт ин қазия ба хубӣ анҷом ҳам меёбад, лекин соҳибкорон баъзан барои тиҷорат карз гирифта, онро барои истеъмол харҷ мекунанд.
Тайи солҳои ахир 4 бонк дар ҷумҳурӣ муфлис шуданд, ки 2-тои онҳо низомсоз буданд ва қариб нисфи бозори миёнаравии молиявӣ ба онҳо рост меомад.
Ҳам худи бонкҳо ва ҳам раҳбарияти ин соҳа сабаби аслии онро сатҳи баланди барнагардонидани қарзҳо номиданд. Ҳиссаи ин қарзҳо ба сеяки сандуқи қарзии ҳамаи низоми бонкӣ баробар шуд.
Дигар мушкили марбут ба қарзи бонкҳо дар он ифода меёбад, ки аксарияти бонкҳо маблағро ба давраи кӯтоҳ ва хеле кам ба давраи миёнамуҳлат пешниҳод мекунанд. Лекин соҳибкорон ба қарзҳои дарозмуддат, ки дастрасии онҳо дар мо қариб ғайриимкон аст, ниёз доранд.

Тамоюлҳо ҳастанд
Раҳбарияти БМТ изҳор мекунад, ки дар ҳамдастӣ бо ташкилотҳои қарзӣ баҳри иҷрои супориши президент ҳамаҷониба кӯшиш ба харҷ медиҳанд. “Меъёри қарзҳо ба сурати умум тамоюли поинравӣ дор”, - гуфт раиси Бонки миллӣ Фирдавс Толибзода зимни нишасти матбуотӣ дар моҳи феврали соли равон.
Меъёри миёнавазн ба гуфтаи ӯ, тайи соли охир ба андозаи 1,2 банди фоизӣ поин рафт.
Ба гуфтаи ӯ, ғайр аз ин, бонкҳо вобаста ба сатҳи хавф, метавонанд барои ин ё он мизоҷ ҷудогона меъёрро кам кунанд. Яъне чӣ қадре хавф камтар бошад, ҳамон қадр меъёр ҳам поинтар аст.
Вай таъкид кард, ки бонкҳо ҷиҳати ҷалби сармоягузориҳои нисбатан арзони байнулмилалӣ ва хориҷии ҳам мустақим ва қам қарзҳо фаъолона кор мекунанд, ки “ба ин ё он гунае барои қарздиҳӣ ба шаҳрвандони ҷумҳурӣ истифода мешаванд”.
Алиҷон Салимзода, раиси “Амонатбонк” гуфт, ки тайи солҳои ахир бо супориши президент меъёрҳо бо асъори миллиро аз 2 то 4 банди фоизӣ поин бурдаанд. Барои ин коҳиш додани меъёрҳо аз рӯи пасандозҳо лозим омадааст, зеро амонатҳои мизоҷон манбаи асосии қарздиҳӣ барои бонк аст.
Қобили зикр аст, ки “Амонатбонк” бузургтарин бонки тиҷоратии кишвар буда, қариб чоряки қисмати бахши бонкӣ ба ҳиссаи он рост меояд.
Дар ҳамин ҳол, мутахассиси яке аз бонкҳо, ки нахост ному насабаш ифшо гардад, муқобили дахолати мақомот ба бозори миёнаравии молиявӣ изҳори назар кард.
Вай зикр кард, ки бонкҳо ҳам мисли дигар муассисаҳо ба тиҷорат машғул буда, меъёрҳои бонкӣ бояд на бо супориш аз боло, балки аз ҷониби бозор бар асоси талабот ва пешниҳод муайян карда шаванд.
Мутахассис бар ин назар аст, ки чунин гумроҳиҳо ба муфлисшавии замоне бонкҳои асосии кишвар (“Агроинвестбонк” ва “Тоҷиксодиротбонк”) оварда расониданд, ки ҳамон вақт онҳоро ба "говҳои ҷӯшоӣ" табдил дода буданд.
Ба ақидаи ӯ, фарқият байни меъёри амонатҳо ва қарзҳо ҳадди ақалл бояд дар сатҳи 10-15 банди фоизӣ бошад, то ки бонк тавонад мавҷудияти минбаъдаи худро таъмин кунад. Тибқи маълумоти БМТ, меъёри миёнавазн аз рӯи амонатҳо бо асъори миллӣ дар моҳи январи соли равон 10,5% ва аз рӯи қарзҳо - 22,88%-ро ташкил додааст.

Тавсияҳои коршиносон
Ба ақидаи коршиносони мустақил, қисме аз соҳибкорон маҳз бо сабаби баланд будани арзиши қарзҳои бонк муфлис мешаванд ва илова бар ин, онҳоро дар муҳлатҳои кӯтоҳтарин баргардонидан лозим аст.
Иқтисодчӣ Нуралӣ Раҷабов мегӯяд, қарзҳо бо меъёрҳои мавҷударо корхонаҳои бузурги савдо ва воридкунандагони яклухти молу маҳсулот ба сифати сармояи гардишӣ ва дар баъзан ҳолатҳо корхонаҳои истеҳсолӣ, ки тиҷоратро мехоҳанд васеъ кунанд, дастрас карда метавонанд.
Ба ақидаи ӯ, ҷалби қарзҳо бо чунин шартҳо барои роҳандозии тиҷорати нав ногузир ба муфлисшавӣ оварда мерасонад.
Бархе аз дигар коршиносон зикр мекунанд, ки фоидаовар будани тиҷорат дар Тоҷикистон дар сатҳи хеле паст қарор дошта, шояд метавон қарзҳои имтиёзнокро бо меъёри фоизии на болотар аз 2%-и солона ҷалб кард.
Мутахассисони байнулмилалӣ ҳанӯз чанд сол пеш барои коҳиши меъёрҳои қарз дар Тоҷикистон тавсия дода буданд, ки эътимод ба бонкҳо барқарор ва баргардонида шавад.
“Меъёрҳои фоизии баланд замоне поин мераванд, ки ҳарчи бештар корхона ва кормандон даромадҳои худро дар шакли амонатҳо дар бахши бонкӣ гузоранду муассисаҳои молиявӣ ба комёбии ояндаи онҳо бовар дошта бошанд”, - зикр карда буд қаблан собиқ намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Ян-Петер Олтерс.
Мушовири байнулмилалии бонкӣ Бертрам Зоннтаг дар мусоҳиба ба “Азия-Плюс” тавсия дода буд, ки бояд сохторе роҳандозӣ шавад, ки дар он мардум хостори амонат гузоштан бо асъори худӣ ва ба бонкҳо эътимод дошта бошанд.
Ба ақидаи мутахассисон, баланд бардоштани сатҳи эътимод ба бонкҳо ба афзоиши назарраси амонатҳо аз ҷониби мизоҷон мусоидат намуда, он дар навбати худ, барои қарздиҳӣ захираҳои иловагӣ фароҳам меорад.