Оҷонсии зиддифасоди Тоҷикистон дар пайи шикояти як шаҳрванд директори як корхонаи давлатиро барои гирифтани пора боздошт кардааст.
Ин Оҷонсӣ рӯзи 27-уми март бо нашри як иттилоия дар сомонааш гуфт, моҳи январи соли 2025 як шаҳрванд ба онҳо муроҷиат кардааст, ки Мутавалиев М.Д., директори корхонаи фаръии воҳиди давлатии “Лоиҳакаш” барои омода кардани шаҳодатномаи бақайдгирии замин аз ӯ 29 ҳазор сомонӣ гирифтааст.
Ҳамчунин, ин шаҳрванд гуфтааст, ки Мутавалиев бар замми ин аз ӯ 21 ҳазор сомонии иловагӣ талаб кардааст.
Мақомот мегӯянд, Мутавалиевро ҳангоми гирифтани 21 ҳазор сомонӣ аз ин шаҳрванд дар утоқи корияш боздошт кардаанд.
Назари худи боздоштшуда дар робита ба ин қазия маълум нест.
Оҷонсии зиддифасод дар сомонааш навиштааст, ки алайҳи ӯ бо иттиҳоми “қаллобӣ” (моддаи 247 қисми 3 банди “б” КҶ ) парванда боз гардида, баъди анҷоми тафтишоти пшакӣ ба додгоҳ ирсол шудааст.
Бар асоси ин иттиҳом ба боздоштшуда ҷарима ё аз 5 то 8 соли зиндон бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи кор дар мансабҳо ва шуғлҳои муайян ба муддати то панҷ сол таҳдид мекунад.
Фасод аз мушкилиҳои асосии Тоҷикистон гуфта мешавад ва солона даҳҳо корманди давлатӣ, аз ҷумла кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мизи ҳарбӣ ва заминсозӣ бо ҷурми гирифтани пора дастгир ва ҳабс мешаванд.
Ба иттилои Оҷонсии зиддифасод давоми соли 2024-ум 2 ҳазору 323 ҷинояти коррупсионӣ ошкор шудааст, ки аз ин шумора таҳқиқи 728 парванда анҷом ёфта, ба додгоҳ ирсол гардидааст.
Бояд гуфт, ки тибқи гузориши Созмони байнулмилалии Transparency International (Шаффофияти Байнулмилал) дар бораи вазъи марбут ба фасод дар ҷаҳон Тоҷикистон дар ин шохис (индекс)-и нави дарки (қабули) “коррупсия” бо 20 имтиёз байни 180 кишвар зинаи 162-юмро ишғол кардааст.
Taxpayers in Tajikistan warned about the deadline for installing and activating the "My Tax" app
Tajikistan struggles to realize benefits from a digital transformation
A road built in Sughd province three months ago with migrant workers' funds has partially collapsed
FAO warns Central Asian countries about the risk of losing unique plant resources
Will the new wave of U.S. tariffs have any impact on Tajikistan?
Mudslides and floods cause damage to roads and residents in several regions of Tajikistan
FINCA Tajikistan earns highest level of client protection certification
IBT, Huawei, and IT Service sign a MoU on cooperation
Somon Air resumes flights to Krasnoyarsk
Kyrgyz authorities report foiled coup attempt
All news
Авторизуйтесь, пожалуйста