Агентии зиддифасод феҳристи ниҳодҳоеро, ки дар соли 2025 мавриди санҷиш қарор мегиранд, нашр карда, аз ҷомеаи шаҳрвандӣ даъват кардааст, ки ҳар талабу пешниҳод ва иттилое, ки дар бораи ниҳодҳои зикршуда доранд, ба Агентӣ ирсол намоянд.
Ба иттилои манбаъ, имсол ниҳоду муассисаҳои зерин мавриди санҷиш қарор мегиранд:
1. Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
2. Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
3. Академияҳои миллии илмҳо ва Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон;
4. Иттифоқҳои адвокатҳо;
5. Иттифоқи “Тоҷикматлубот”;
6. Корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷиксуғурта”;
7. Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
8. Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
9. Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон
10. Мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон ва ноҳияи Ашти вилояти Суғд.
Манбаъ менависад, ин амалиёт барои таҳқиқ ва ошкорсозии хавфҳои коррупсионӣ ва шаффофияти фаъолияти онҳо гузаронида мешавад. Бо ин мақсад аз ҷомеаи шаҳрвандӣ даъват кардааст, ки маълумот дар бораи шаффофияти фаъолияти ниҳодҳо, сатҳи баррасии муроҷиатҳо дар он, дастрасӣ ба иттилоот, фаъол будани сомонаи расмӣ ва амсоли инҳо, ҳамчунин таклифу пешниҳодоти худро тариқи почтаи электронӣ ба суроғаи info@anticorruption.tj ирсол намоянд.
Бояд гуфт, Агентии зиддифасод ҳамасола рӯйхати ниҳодҳоеро, ки санҷиш гузаронида мешавад, нашр мекунад. Соли пеш низ ин ниҳод эълон карда буд, ки Палатаи ҳисоб, Бонки миллӣ, Хадамоти алоқа ва як қатор муассисаҳои дигар таштиш мешаванд. Вале ҳамасола натиҷаи ин тафтишҳо норӯшан монда, расонаӣ намешаванд. Ин дар ҳолест, ки баъзе ниҳодҳо аз Агентии зиддифасод дархост мекунанд, ки фаъоляити онҳоро санҷиш кунанд. Аз ҷумла Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе аз ин Агентӣ чанд соли охир талаб мекунад, ки фаъолияти молиявию хоҷагидории мақомоти шаҳрдориро мавриди санҷиш қарор диҳад. Аммо чун ҳамеша, натиҷаи санҷиш расонаӣ намешавад.
Дар ҳамин ҳол, Сулаймон Султонзода, директори Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия 14-уми феврал, зимни нишасти матбуотӣ фасодзадатарин ниҳодҳоро эълон кард. Ӯ гуфт, дар ҳукуматҳои маҳаллӣ (257 ҳолат), соҳаи маориф ва илм (172 ҳолат) ва бахши мудофиа (171 ҳолат) ҷиноятҳои коррупсионӣ аз ҳама бештар содир шудааст.
Два взгляда на сериал «Переходный возраст»: что говорят специалисты Центральной Азии о подростках и диалоге
В Тегеране пройдет заседание совместной комиссии Таджикистана и Ирана по торгово-экономическому и культурному сотрудничеству
В Москве ушла из жизни Людмила Шотемур
США пригрозили Китаю пошлинами до 245%
Экономике Таджикистана предрекают замедление роста из-за сокращения денег мигрантов
ICT WEEK 2025: Душанбе стал центром технологического будущего Таджикистана
Какое место может занять Центральная Азия на рынке критически важных минералов?
От токсичного дыма к менее вредным альтернативам: как мир борется с курением
Байден раскритиковал Трампа, ни разу не назвав его по имени
В Дангаре успешно провели первую операцию по трансплантации печени
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста