ЧОРАБИНИҲОИ 24 ИЮН
- Имрӯз тими миллии олимпии футболи Тоҷикистон бо (U-23) бо ҳамсолони худ аз Қирғизистон бозии дӯстона анҷом медиҳад. Ин рақобат дар доираи омодагӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 доир шуда, соати 20:00 дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор оғоз мегардад.
Вуруд ба варзишгоҳ барои мухлисон ройгон аст.
ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 24 ИЮН
Соли 2008 – Дар шаҳри Душанбе маҷмааи “Пойтахт” ба истифода дода шуд.
Соли 2015 – Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ Мақсуд Иброҳимов, муассиси созмони “Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон”-ро ба 17 соли зиндон маҳкум кард. Ӯ ба “як қатор ҷиноят”, аз ҷумла “даъватҳои ошкор ба табдили сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “ташкили созмони ҷиноӣ” гунаҳкор дониста шуд.
Соли 2018 – Дар ноҳияи Айнӣ сохтмони корхонаи корхонаи коркарди маъдани гаронбаҳо - “Талко-Голд” оғоз ёфт.
Соли 2020 – Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон пешниҳоди ҳукуматро дар бораи додани имтиёзҳо ба аҳолӣ ва соҳибкорони хурду миёна бо мақсади пешгирии таъсири COVID-19 ба бахшҳои иҷтимоӣ-иқтисодии кишвар дастгирӣ намуд.
ШАХСИЯТҲО
Соли 1934 – Зодрӯзи Александр Яблоков, нависандаи русзабони Тоҷикистон.
Соли 1946 – Мавлуди Нисо Муҳаммадҷонова, ҳунарпешаи театру синамо.

Нисо Муҳаммадҷонова, ки баъи хатми мактаби ҳаштсола ба омӯзишгоҳи мусиқӣ дохил шудааст, “ба таври тасодуфӣ бо мусоидати Убайдулло Раҷаб ба студияи назди Театри Лоҳутӣ гузаштааст”. Ӯ аз соли 1964 дар ин теар ба ҳунарпешагӣ пардохтааст ва дар беш аз 100 намоишномаи ин театр нақшофарӣ кардааст.
Аз ҷумла, дар намоишномаҳои “Хизматгори ду хоҷа”, “Садо аз тобут”, “Фарёди ишқ”, “Охирин арӯси амиралмӯъминин”, “Шаби гирифтани моҳ”, “Хатро ман навишта будам”, “Рустам ва Суҳроб” “Корвони бахт”, “Беватан” ва дигар ҳунар озмудааст.
Ӯ ҳамчунин дар садогузории беш аз 500 филм ба забони тоҷикӣ иштирок кардааст.
Дар синамо тоҷик бошад, дар филмҳои “Нишони зиндагӣ”, “Пой дар гил”, “Сафари ҳавоӣ”, “Хушдоманҳо ва ё ман на манам”, “Автобус” ва “Парвоз” нақш офаридааст.
Соли 1949 – Зодрӯзи Додихудо Саймиддинов, забоншиноси тоҷик, раиси пешини Кумитаи забон ва истилоҳот.

Додихудо Саймиддинов яке аз забоншиносонест, ки дар таҳаввули забони тоҷикӣ нақши бориз дорад. Вай муҳаққиқи забони форсии қабл аз исломӣ буда, дар ин замина беш аз 100 тадқиқоти илмӣ таълиф кардааст.
Додихудо Саймиддинов дар соли 2011 ба узвияти Фарҳангистони забон ва адаби форсии Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳам пазируфта шуда буд. Ӯ пас аз академикҳо Муҳаммадҷон Шакурӣ ва Абдуқодир Маниёзов, саввумин донишмади Тоҷикистон аст, ки узви пайвастаи Фарҳангистони забон ва адаби форсӣ дар Эрон мебошад.
Ӯ фаъолияти худро ҳамчун коромӯзи бахши дар Ленингради Институти забоншиносии Академияи илмҳои Иттиҳоди Шӯравӣ аз соли 1995 дар вазифаҳои масъули раҳбарикунанда фаъолиятро оғоз кардааст. Солҳои 1995-2000 муовини директори Институти забон ва адабиёти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солҳои 2000-2005 директори Институти забон ва адабиёти ба номи А. Рӯдакӣ буд.
Саймиддинов солҳои 2005-2009 вакили парлумон интихоб гардид. Аз соли 2009 раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти буд ва моҳи декабри 2013 бино ба сабаби ба синни нафақа расидан аз ин вазифа барканор шуд.
Додихудо Саймиддинов 2-юми майи 2017 дар 67-солагӣ даргузашт.
Соли 1953 – Мавлуди Муаззама Иброҳимова, ҳунарпешаи театру синамои тоҷик.
Соли 1950 – Зодрӯзи Камолиддин Бойматов, риёзидони тоҷик, доктори илмҳои физикаву математика.
Соли 1955 – Мавлуди Меҳринисо Нағзибекова, омӯзгор, забоншиноси тоҷик.
Соли 1960 – Зодрӯзи Игор Сатторов сухангӯи пешини “Ширкати Алюминийи Тоҷик”.
Соли 1982 – Зодрӯзи Ҳусния Раҷабзода, собиқ раиси ноҳияи Мурғоб ва вакили Маҷлиси миллии Тоҷикистон.
САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ
24-уми июни соли 1812 артиши Фаронса таҳти сарварии Наполеон Бонапарт ба қаламрави Русия ҳамла намуд. Бо ин ҳуҷум Ҷанги ватании соли 1812 оғоз ёфт.

Русҳо бо тактикаи ақибнишинӣ ва сӯзондани Маскав душманро заиф карданд. Зимистони он сол артиши Наполеон ба ақибнишинӣ маҷбур шуд ва қисми зиёдаш нобуд гардид. Ин ҳуҷум поёни нуфузи Наполеон дар Аврупо дониста мешавад.
24-уми июни соли 1963 нахустин видеомагнитофон бо номи "Telcan" муаррифӣ шуд. Ин дастгоҳ сабти тасвирро ба лентаи магнитӣ таъмин мекард, вале бинобар сифати пасти акс ва душвории истифода натавонист дар бозори маишӣ маъмул гардад.
Танҳо баъди такмили технологияи сабт ва кам шудани паҳнои лента то 19,05 мм истифодаи он маъмул гардид. 7-уми июни соли 1969 аввалин видеомагнитофонҳои касетавии хонагӣ ба фурӯш бароварда шуданд.

ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 24 ИЮНИ СОЛИ 2025
Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 20+25º гарм, рӯзона 35+40º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 8+13º гарм, рӯзона 25+30º гарм.
Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 23+28º гарм, рӯзона 38+43º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 18+23º гарм, рӯзона 32+37º гарм.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 20+25º гарм, рӯзона 36+41º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 12+17º гарм, рӯзона 26+31º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 35+37º гарм.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 13+18º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 20+22º гарм, рӯзона 29+34º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 36+38º гарм, дар шарқи вилоят шабона 4+9º гарм, рӯзона 18+23º гарм.
Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои камабри бебориш. Ҳарорат: шабона 22+24º гарм, рӯзона 38+40º гарм.
Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои камабри бебориш. Ҳарорат: шабона 21+23º гарм, рӯзона 38+40º гарм.
Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои камабри бебориш ва гарду ғубор дар назар аст. Ҳарорат: шабона 23+25º гарм, рӯзона 40+42º гарм.
Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои камабри бебориш. Ҳарорат: шабона 15+17º гарм, рӯзона 31+33º гарм.





Electricity and heating rates to change in Tajikistan — likely to increase
Dushanbe police prevent knife fight among teenagers in Dushanbe
From Tajikistan to Japan: jiu-jitsu team sets sights on 2026 Asian Games
Former Kyrgyz President Almazbek Atambayev stripped of state honors
“Made in Central Asia”: A Regional Brand with Global Potential
Tajikistan and Uzbekistan discuss expanding capacity at Sarazm–Jartepa BCP
Woman in southern Tajikistan accused of driving her daughter-in-law to suicide
Tajikistan needs $6.5 billion over the next five years to develop energy sector
India and Central Asia ready to explore economic and trade opportunities
Tajik and Taliban foreign ministers discuss border clash in rare phone call – Amir Khan Muttaqi
All news
Авторизуйтесь, пожалуйста