Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар дар ҳошияи сафари худ ба ВМКБ ба ноҳияи Дарвоз роҳи мошингарди Қалъаи Хумб – Ванҷ то дарвозаи ноҳияи Рӯшонро ба истифода дод.
Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳур, ин роҳ қисми шоҳроҳи Кӯлоб-Хоруғ-Кулма-Чин буда, шаҳри Душанберо бо шаҳри Хоруғ ва Тоҷикистонро бо Чин пайваст мекунад.
Тибқи иттилои расмӣ, дарозии нақби мошингузари роҳ 3 ҳазору 400 метр буда, бо баландии 6 метру 90 см ва паҳноии 8 метр сохта шудааст.
Гуфта мешавад, ки ин масир роҳи аз ҳама душворгузар дар миқёси ҷумҳурӣ буд ва талаботу хароҷоти таҷдиду навсозӣ ва нигоҳубини он бо гузашти ҳар сол бештар мешуд.

“Тӯли ин қитъаи шоҳроҳ, ки ҳудуди ноҳияҳои Дарвозу Ванҷро убур мекунад, 109 километрро ташкил намуда, бунёди ду нақби мошингузар бо дарозии умумии 5200 метр, ин масофаро ба 92,5 км баробар намуд, ки аз масофаи қаблӣ 16,5 км кам аст”, - навиштааст манбаъ.
Ҳамчунин гуфта мешавад, ки гузаштан аз ҳамин қитъаи роҳ дар гузашта 4,5-5 соат вақти мусофиронро мегирифт ва ҳоло бо таъмири роҳ ва бунёди ду нақб ин масофаро дар камтар аз ду соат тай кардан имкон дорад.

Дар доираи лоиҳаи мазкур, 15 пули мошингузар, 5 долони зиддитармавӣ, 12 ҳазору 900 метр деворҳои оҳанӣ, бетонӣ, сангӣ ва 200 метр қубурҳои обгузар сохта шудаанд. Инчунин дар дарозои роҳ, ки аз 14 деҳаи ноҳияи Дарвоз мегузарад, чароғҳои аз офтоб қувватгиранда насб гардидаанд.
Ёдрас мешавем, раисҷумҳури Тоҷикистон моҳи сентябри соли 2021 барои бунёду навсозии ин роҳ санги асос гузошта буд.
Моҳи январи имсол Азим Иброҳим, вазири нақлиёти кишвар дар бораи моҳи июн мавриди истифода қарор гирифтани ин роҳ иттилоъ дода гуфта буд, он як сол пеш аз муҳлат ба истифода дода мешавад.

Гуфта мешуд, барои анҷоми корҳои таъмиру навсозии он ҳукумати Чин дар ҳаҷми 230 млн доллар грант ҷудо кардааст ва ширкати China Road and Bridge Corporation (CRBC)-и Чин ба бунёду навсозии роҳ машғул аст.
Гуфта мешуд, ки қитъаи роҳи Қалъаи Хумб-Ванҷ то дарвозаи Рӯшон бахши долони мултимодалии роҳи Душанбе-Хоруғ-марзи Чин хоҳад шуд.
Бояд гуфт, субҳи имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ВМКБ рафт. Сафари ӯ аз ноҳияи Ванҷ оғоз гардид ва роҳи марказии ноҳия ва як қатор муассисаву корхонаҳо, аз ҷумла 7 кӯдакистон, толори варзишиву парки саноатӣ ва чанд корхонаи саноатиро дар ин ноҳия ба истифода дод. Дар поёни сафари худ ба ин ноҳия раисҷумҳур бо роҳбарон ва фаъолон мулоқот кард.





Electricity and heating rates to change in Tajikistan — likely to increase
Dushanbe police prevent knife fight among teenagers in Dushanbe
From Tajikistan to Japan: jiu-jitsu team sets sights on 2026 Asian Games
Former Kyrgyz President Almazbek Atambayev stripped of state honors
“Made in Central Asia”: A Regional Brand with Global Potential
Tajikistan and Uzbekistan discuss expanding capacity at Sarazm–Jartepa BCP
Woman in southern Tajikistan accused of driving her daughter-in-law to suicide
Tajikistan needs $6.5 billion over the next five years to develop energy sector
India and Central Asia ready to explore economic and trade opportunities
Tajik and Taliban foreign ministers discuss border clash in rare phone call – Amir Khan Muttaqi
All news
Авторизуйтесь, пожалуйста