Ба истиқболи 100-солагии академик Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ, донишманди саршинос ва яке аз пешгомони ҳаракати равшанфикриву худшиносии миллии тоҷик филми мустанад сабт шуд. Ин филм “Фарзанди Бухоро – родмарди Хуросон” ном гирифта, чанд рӯз пештар манзури ҳамагон гардид.
Мустанад ҳудуди 45 дақиқа давом карда, дар мавриди ҳаёту эҷодиёт, шебу фарози зиндагӣ, ҷасорат дар баёни мушкилот ва масоили миллӣ ва таъкиди Шакурӣ ба бунёди давлати миллӣ қисса мекунад.
Далер Шариф, рӯзноманигори тоҷик ва муаллифи лоиҳаи “Китобхон”, ки масъулияти таҳияи ин филмро ба зимма гирифтааст, ба “Азия Плюс” дар бораи ҳадафи аслӣ ва паёмҳои филм нақл кард.
Филм чаро ва чӣ гуна омода шуд?
Ҳадафи асосии таҳияи филмро Далер Шариф “шиносондани афкор, андеша ва осор”-и Шакурӣ ба мардум баён кард. Ӯ гуфт, дар пайи омӯзиш ва мутолиаи осору афкори ин академик солҳо боз нияти сохтани чунин филмро дошт.
“Соли 2009, вақте дар телевизиони “Сафина” кор мекардам, хостам Муҳаммадҷон Шакуриро ба барнома даъват кунам, аммо ин иҷозаро бароям надоданд ва гуфтанд, таблиғи афкори ӯ дар телевизионҳои давлатӣ феълан мамнуъ аст”, - зикр кард Далер Шариф.
Ӯ мегӯяд, бо гузашти чанд сол, вақте дар бораи асари “Пантуркизм ва сарнавишти миллати тоҷик” навори кӯтоҳе таҳия карда, шакли электронии китобро дар сомонаи “Китобхон” гузошт, танҳо дар се рӯз беш аз 5 ҳазор нафар онро боргирӣ карданд. Баъди ин, дарк кардааст, ки ҷомеа ташнаи андеша ва афкори донишманде чун Шакурӣ аст ва ин ӯро ба таҳияи филми мустанад бештар ангеза додааст.
Бар асоси маълумоти расмӣ, Муҳаммадҷон Шакурӣ 30-юми октябри соли 1926 дар шаҳри Бухоро зода шудааст, аммо бинобар гуфтаи худи устод, ӯ моҳи феврали соли 1925 таваллуд шудааст. Бо такя бар ин гуфтаи Шакурӣ, имсол 100 сол аз ба дунё омаданашон мегузарад.
Далер Шариф таъкид мекунад, ки бо таблиғи осору афкори чунин шахсиятҳо талош дорад дар бедорӣ ва огоҳии ҷомеа барои шинохти забону фарҳанг ва андешаи миллӣ саҳм гузорад.
“Ҳоло мебинем, баъзе нафароне таблиғ ва тамҷид мешаванд, ки аслан кори назаррасе анҷом надодаанд. Ҳатто баъзеҳоеро мебинед, ки барояшон унвони шоиру нависандаи халқӣ додаанд, аммо осорашон дар қиёс бо осори Шакурӣ ҳеҷ арзише надорад. Асарҳои навиштаи устод Шакурӣ ганҷинае дар таъриху адабиёти миллат аст. Як далели бузургии устод ин аст, ки ӯ дар ҷамъияти 90-миллионаи Эрон, ки садҳо нухбагону донишмандон дорад, соли 2005 “Чеҳраи мондагор” эълон шуд”, - изҳор дошт Далер Шариф.
Ба гуфтаи ӯ, чизи дигаре, ки ба омода кардани ин мустанад водор кард, ин буд, ки вақте ҳаёти Шакуриро ба баррасӣ гирифт, бештар дарк кард, ки чӣ қадар олими муъмин, покизакор ва дилсӯз ба халқаш аст.

Мушкилот дар таҳияи филм ва истиқболи он аз сӯи ҷомеа
Далер Шариф мегӯяд, бовар надошт, ки ба таҳияи ин филм муваффақ мешавад. Зеро мушкилоти набуди маблағ, утоқи корӣ ва дастгоҳҳои наворбардориву танзим вуҷуд дошт. Аз ин лиҳоз, як бахши филм бо телефон сабт шудааст.
“Филмро мо ҳамроҳ бо Исматуллоҳи Абдуллоҳ, рӯзноманигор ва танзимгари дигари тоҷик, дар қаҳвахонаҳои Душанбе танзиму бастубанд кардем, чун дигар ҷое надоштем. Аз тарафи дигар, ба мо вазъи бади интернет халал ворид мекард. Барои боргирӣ ва ҷустуҷӯи ягон мавод мушкил пеш меомад. Навор ҳам, ки дар бораи устод Шакурӣ кам буд, барои мо душвориро зам карда буд”, - мегӯяд ӯ.
Мушкили дигаре, ки дар рафти таҳияи филм рӯ ба рӯ шудаанд, ёфтани мусоҳибону нафароне будааст, ки аз устод Шакурӣ шинохт доштаанд.
“Мо ба ҷуз мусоҳибони филм, ки сипосгузорем аз онҳо, ба афроди зиёде, аз ҷумла, шогирдони устод барои суҳбат муроҷиат карда будем, вале розӣ нашуданд. Ҳачанд пас аз нашри филм баъзеи онҳо афсӯс хӯрданд, ки иштирок накарданд ё нафароне шиква карданд, ки онҳоро даъват накардем”, - мегӯяд ӯ.

Ӯ мегӯяд, бо дастони холӣ ва дар майдони холӣ корро шуруъ карда, ба анҷом расониданд ва ҳоло даъвои филми мустанад будани кори худро надоранд, мардум онро ҳамчун филми мустанад қабул кард.
Ӯ таъкид мекунад, ки филм аз сӯйи ҷомеа истиқбол шуда, баъди нашр мардуми оддӣ, шахсиятҳои илму фарҳанг ва мансабдорон барояш таҳсин гуфтаанд.
“Воқеан, интизори чунин истиқбол набудем. Фикр мекардем, ки шояд баъзеҳо ба хотири зинда кардани номи устод ва ба майдон овардани андешаву афкори интиқод кунанд”, - гуфт ӯ.
Баъди ин, Далер Шариф қасд дорад, ба таҳияи чунин филмҳо идома диҳад, аммо таъкид мекунад, ки имконияти васеъ надоранд.
“Таҳияи мустанадҳо дар бораи шахсиятҳои миллиямон дар шаклгирии афкори миллӣ кумак мекунад. Агар мо ҳар чӣ зудтар фазои шабакаҳои иҷтимоиямонро бо муҳтавои миллӣ пур накунем, бо хатари ҷиддӣ рӯбарӯ хоҳем шуд. Зеро онро муҳтавои бегона ва омиёна, ки ба ахлоқу андешаи ҷомеа таъсири манфӣ дорад, пур мекунад. Мо хоҳиш ва зарфият дорем, ки ба таҳияи чунин филмҳо идома диҳем, аммо имконияти молиямон ҳам маҳдум аст”, -мегӯяд ӯ.
Чаро бояд ин филмро тамошо кард?
“Ин филм шояд боис шавад, ки нафарони зиёде ба суроғи китоб ва андешаҳои устод раванд, то бо хондани онҳо огоҳтар шаванд. Ҳар ки огоҳтар шуд, бедортар мешавад, бедортар, ки шуд, тағйироту дигаргунӣ дар зиндагӣ ва ҷомеа ба вуҷуд меорад. Ҳадди ақал онҳое, ки бисёр танбаланд ва ё имкони мутолиаи китобу мақолаҳоро надоранд, аз тариқи ин гуна барномаву филмҳо имкон доранд бинанд, ки шахсиятҳое мисли Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ барои забон, таърих, фарҳанг, андешаи миллӣ, афкори миллӣ ва мактаби миллӣ чӣ гуфтаанду чӣ кардаанд ва ба куҷоҳо расидаанд. Дар умум, як навъ хулосаи афкору андешаи устод Шакуриро аз тариқи филм метавонанд бинанду фаҳманд”, - мегӯяд Далер Шариф.
Дар ин матлаби “Азия-Плюс” ба баъзе паҳлӯҳои норӯшани оғози ҳаёти академик Шакурӣ шинос шавед: Шахсиятсозии Шакурӣ: аз бекасӣ дар ҳавлиҳои Бухоро то рӯшангарии миллӣ.





China records historic drop in birth rate in 2025
When patterns come to life: Mavzouna Jalolova and the secret of Panjakent embroidery
Trump invites Kazakhstan’s president to join the board of Peace for Gaza
Split within the Taliban: why Afghanistan’s internet was not fully shut down
Central Asia’s water resources are running out: what happens when the tipping point is reached?
Ministerial semiannual news conferences expected to start on January 26
Russia to introduce criminal penalties for Migrants using fake medical certificates
Ayatollah Khamenei admits thousands killed in Iran protests, blames the United States
Tajikistan’s security service reports elimination of four militants on the Afghan border
Tajikistan’s plastic footprint: 9 million tons of waste each year
All news
Авторизуйтесь, пожалуйста