Шуруъ аз 16-уми сентябр парвозҳои мустақими ҳавоӣ байни Душанбеи Тоҷикистон ва Сиани Чин ба роҳ монда мешавад. Дар ин бора Оҷонсии ҳавонавардии кишвар иттилоъ додааст.

Ба гуфтаи манбаъ, парвозҳо дар ин масир тариқи ҳавопаймоҳои ширкати чинии “Zhejiang Loong Airlines” ҳафтае ду маротиба анҷом хоҳанд шуд.

Манбаъ нагуфтааст, ки парвозҳо дар кадом рӯзҳои ҳафта сурат гирифта, нархи чиптаи он чӣ қадар хоҳад буд.

Гуфта шудааст, ки парвозҳо дар ин самт ҷиҳати густариши ҳамкории дуҷониба, рушди сайёҳӣ ва рафту омади бемонеаи шаҳрвандони ҳар ду кишвар роҳандозӣ карда мешавад.

Ёдрас мешавем, ки ҳоло аз шаҳри Душанбе ба шаҳрҳои Пекину Урумчӣ ва аз Хуҷанд ба Қошғар парвозҳои мустақим анҷом мешаванд.

Тариқи хатсайри мустақими ҳавоии Душанбе - Пекин ҳафтае ду маротиба - рӯзҳои сешанбе ва шанбе парвози ҳавопаймоӣ анҷом меёбад. Нахустин парвози мустақим баъди нуҳ соли таъхир дар ин масир, рӯзи 16-уми июн сурат гирифт. Вақти парвоз ҳудуди 7 соат ба як самт ва 6 соат ба самти бозгаштро ташкил медиҳад.

Бояд гуфт, ки муддати зиёд байни Тоҷикистону Чин парвозҳо танҳо бо хатсайри Душанбе - Урумчӣ сурат мегирифтанд ва соли 2024 байни шаҳрҳои Хуҷанд ва Қошғар хатсайри ҳавоӣ боз шуд.

Парвози ҳавопаймоӣ миёни шаҳрҳои Хуҷанд ва Қошғар ҳафтае як маротиба-рӯзи сешанбе сурат мегирад. Парвоз аз Қошғар ба Хуҷанд 2 соату 40 дақиқа давом мекунад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.