Раҳбарияти ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” рӯзи 13 апрел бо ҳайати шаҳри Қошғари ноҳияи Синҷон-Уйғури Чин дидору гуфтушунид кард.
Ҳайти ҷониби Чинро раиси Ҳукумати мардумии шаҳрии Қошғар Ясенҷон Яхеп роҳбарӣ кард.
Зимни вохӯрӣ масоили роҳандозии ҳамкориҳо дар соҳаи авиатсия, аз ҷумла имкони ифтитоҳи хатсайри ҳавоии Душанбе -Қошғар - Душанбе мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
“Мо шаҳри Қошғарро яке аз самтҳои Чин, ки дар дурнамои миёнамуҳлат метавонем хатсайрҳо боз намоем, баррасӣ мекунем. Бешубҳа, ин кишварҳои моро ба ҳам боз наздиктар мекунад. Ният дорем, ки ба омӯзиши масоили ифтитоҳи хатсайр пардозем”, - иброз доштааст директори генералии ширкати “Сомон Эйр” Абдулқосим Валиев.
Дар ҷараёни гуфтушунид ҷонибҳо атрофи як қатор масоили марбут ба рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманд табодули назар намуданд.
Айни замон “Сомон Эйр” ба шаҳри Урумчии ин вилояти Чин парвозҳо анҷом медиҳад. Ин хатсайр аз 8 феврали соли ҷорӣ пас аз танафууси сесола бар асари пандемияи коронавирус барқарор карда шуд.
Ғайр аз ин, ширкати ҳавопаймоӣ муваффақона аз Тоҷикистон ба Олмон, АМА, Туркия, Ҳиндустон, Арабистони Саудӣ, Эрон, Русия, Қазоқистон ва Ӯзбекистон парвозҳо анҷом медиҳад.
Ширкат дар парки худ ҳавопаймоҳои Боинг 737-800 ва -900-ро дар ихтиёр дорад.
Эмомалӣ Раҳмонро дар Фурудгоҳи “Манас” Содир Жапаров истиқбол гирифт
Манбаъ: Пагоҳ сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон боз мешавад
Маблағгузории БАТР ва БОР ба корҳои таъмиру навсозии роҳи Данғара - Гулистон
Баъди даъвати Эмомалӣ Раҳмон. Эрониён дар Иди Наврӯз ба Тоҷикистон меоянд
“Моҳӣ барои рафиқ Черчилл”. Дар Тоҷикистон дар бораи қаҳрамонии тоҷикон дар ҶБВ филм ба навор гирифтанд
Мақомот ба муҳоҷирон ҳушдор доданд, ки бори нафарони ношиносро набаранд
“Рӯйхати сиёҳ”. Вазири Русия гуфт, 685 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ шомили онанд
Нархи Ҳаҷ–2025 маълум шуд. Зоирони тоҷик кай ба Арабистони Саудӣ мераванд?
Тоҷикистону Чин ният доранд, ки байни Душанбе ва Пекин хатсайри мустақими ҳавоӣ боз кунанд
Дар арафаи ҷашни Наврӯз чанд мусобиқаи байналмилалии варзишӣ баргузор мешавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста