Маҷмаи умумии СММ рӯзи 12-уми сентябр пешнависи қатъномеро, ки кишварҳои Арабистони Саудӣ ва Фаронса барои ташкили давлати Фаластин пешниҳод карда буданд, бо аксарияти раъй қабул кард.

Қатъномаи мазкур, ки бо номи “Эъломияи Ню-Йорк” низ зикр мешавад, моҳи июли соли ҷорӣ зимни як нишасти байналмилалӣ дар СММ иаҳия гардид. Ташаббускорон баргузории ин нишаст Арабистони Саудӣ ва Фаронса буданд ва ҳадафи онро ҳалли муноқишаи чансола миёни фаластиниҳо ва Исроил номиданд. Дар он нишаст Амрико ва Исроил иштирок накарданд.

Дар нишасти ахири Маҷмаи умумии СММ, ки дирӯз, 12 сентябр баргузор шуд, ба ҷонибдории “Эъломияи Ню-Йорк” ва ташкили давлати Фаластин 142 кишвар раъй дод. 10 кишвар, аз ҷумла Амрико ва Исроил раъйи мухолиф доданд ва 12 кишвар аз раъй додан худдорӣ намудад.

Сафири Фаронса Ҷером Боннафон пеш аз овоздиҳӣ гуфт, “Эъломияи Ню-Йорк” харитаи ягонаи роҳро барои ташкили ду давлат пешниҳод мекунад. Он ҳамчунин, ба оташбаси фаврӣ дар Ғазза, раҳоии ҳама гаравгонҳо ва таъсиси давлати соҳибихтиёри Фаластин таъкид мекунад.

Дар харитаи роҳ ҳамчунин халъи силоҳи гурӯҳи “Ҳамос” ва барканории он аз идораи Ғазза, ба эътидол овардани равобити Исроил ва кишварҳои арабӣ ва кафолатҳои амнияти дастаҷамъӣ пешбинӣ шудааст.

Бояд гуфт, 22-юми сентябр бо иштироки сарони кишварҳо иҷлоси Маҷмаи умумии СММ баргузор хоҳад шуд, ки дар он интизор меравад Бритониё, Фаронса, Канада, Австралия ва Белгия ба таври расмӣ Фаластинро ба расмият бишиносанд.

Пештар аз ин, Маҷмаи умумии СММ ҳамлаи “Ҳамос” ба Исроил дар 7-уми октябри соли 2023, ҳамлаҳои Ироил алайҳи ғайринизомиён ва зерсохтҳои ғайринизомӣ дар Ғазза, муҳосира ва барқасдона ба миён овардани қаҳтиро низ маҳкум намуда буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.