Ойбек Усмонов, дипломати 62-солаи Ӯзбекистон, сафири ин кишвар дар Афғонистон таъин гардид.
Ба иттилои хабаргузории Kun.uz Усмонов Донишгоҳи давлатии Тошканд (ҳоло Донишгоҳи миллии Ӯзбекистон)-ро бо ихтисоси филология ва шарқшинос хатм кардааст. Давоми солҳои 2020 - 2024 ба ҳайси сафири Ӯзбекистон дар Покистон кор кардааст. Пеш аз ин ӯ ҳамчун сафир дар Миср ва Покистон ва солҳои 2011—2012 ба ҳайси муовини вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон фаъолият кардааст.
Ойбек Усмонов аз соли 1998 дар Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон фаъолият мекунад ва дар дастгоҳи марказӣ, инчунин дар намояндагиҳои дипломатии Ӯзбекистон дар хориҷ дар вазифаҳои гуногун фаъолият намудааст.
Ёдовар мешавем, Ӯзбекистон яке аз кишварҳоест, ки бо фарқ аз Тоҷикистон бо Толибон*, ки қудратро дар Афғонистон дар даст доранд, равобити танготанг дорад. Ин кишвар ҳарчанд ҳукумати Толибонро расман эътироф накардааст, аммо намояндангони расмии он, аз ҷумла дар сатҳи сарвазир ба Кобул сафар кардаву бо намояндагони Толибон мулоқот мекунанд.
*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.
Таджикская девушка-боец: Как Фотима Холова остается сильной
Какие достопримечательности можно посмотреть в Иране?
Google сам себе разрешил использовать ИИ для создания оружия и технологий слежки
Чемпионат Таджикистана – третий снизу в рейтинге лиг стран бывшего СССР
Президент США заявил о "неслыханном уровне коррупции" в USAID и потребовал его закрыть
Эмомали Рахмон подписал указ о повышении зарплат, пенсий и стипендий
Как изменились ставки земельного налога в Таджикистане?
Трамп допустил вероятность встречи с Зеленским на следующей неделе
ФФТ рассказала, как в Душанбе отметят Всемирный день футбола
Журнал Time поместил на обложку Илона Маска в президентском кресле
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста