Варзишгари маъруфи кишвар Дилшод Назаров шоми дирӯз дар мусобиқаи гурзандозӣ дар доираи Бозиҳои Осиё-2018 сазовори медали нуқра гардид.
Бино ба маълумоти дафтари матбуоти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, дар мусобиқа 14 варзишгар барои медалҳо талош карданд. Дилшод Назаров гурзро ба масофаи 74,16 метр ҳаво дода, ҷои дуюмро ишғол кард. Мақоми якум бо натиҷаи 76,88 метр насиби варзишгари Қатар Ашраф Ал Сайфӣ шуд. Ҷои сеюмро варзишгари тоҷиктабори Узбекистон Суҳроб Хоҷаев бо натиҷаи 74,06 ба даст овард.
Дилшод Назаров се карат қаҳрамони Бозиҳои Осиё мебошад. Ӯ соли 2006 дар Доҳаи Қатар, соли 2010 дар Гуанжоуи Чин ва соли 2014 дар Инчони Корея сазовори медали тиллои бозиҳо гардидааст.
18-ум Бозиҳои тобистонаи Осиё, ки 18 август дар шаҳрҳои Ҷакарта ва Палембанги Индонезия шурӯъ гардид, идома дорад. То имрӯз мусобиқаҳо оид ба гуштини варзишӣ, шиноварӣ, тӯббозӣ дар об, софтбол, баскетбол 3х3, шамшербозӣ, ҷиуҷитсу, голф, ҷетски, қайиқронии академӣ, тирандозӣ, теннис ва ушу ба анҷом расиданд. Варзишгарони мо дар намудҳои гуштин, шиноварӣ, ҷиуҷитсу, тирандозӣ ва ушу иштирок карданд, вале аз медалҳо бенасиб монданд.
Варзишгарони тоҷик рӯзҳои баъдӣ рақобатро дар намудҳои дзюдо, кураш, самбо, қайиқронӣ дар байдарка ва каноэ, бокс идома медиҳанд, ки барояшон иқбол мехоҳем.
Дар ҷадвали ҳисоби медалҳо дастаи мунтахаби Чин бо 178 медал (78 тилло, 59 нуқра, 37 биринҷӣ) пешсаф аст. Ҷопон бо 123 медал (40-34-49) дар ҷои дуюм, Кореяи Ҷанубӣ бо 94 медал (27-30-37) дар ҷои сеюм қарор доранд. Умуман варзишгарони 35 кишвар ба гирифтани медалҳои бозиҳо шарафёб шудаанд ва варзишгарони 28 давлат ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфтаанд. Тоҷикистон бо як медали нуқра дар ҷои 32-юм қарор дорад
10 вопросов, которые нужно задать врачу об ожирении
Главный военный прокурор Таджикистана выступил за предотвращение незаконных методов набора призывников
Эмомали Рахмон произвёл кадровые назначения в органах суда и прокуратуры
В Душанбе сбили работницу коммунальных служб: она скончалась в больнице
СМИ: ЕС приостановил разработку пакета военной помощи Украине из-за Венгрии
Сносить нельзя оставить. Где мэрия Душанбе поставит запятую?
В Таджикистане в месяц Рамазан изменили график подачи света населению
В Казахстане насчитали 400 прорывоопасных гидротехнических сооружений
Таджикистан и Кыргызстан намерены восстановить прямые авиарейсы между двумя странами
В Австралии умер один из старейших доноров в мире. Его плазма спасла 2,4 млн детей
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста