Дар Бозиҳои Осиё-2018 дар Индонезия мусобиқаи дзюдочиён идома дорад. Имрӯз намояндаи Тоҷикистон Комроншоҳи Устопириён медали биринҷии бозиҳоро ба даст овард.
Дар қувваозмоиҳояш Комроншоҳ бар варзишгарони Непал, Лубнон дастболо шуда, дар даври нимфиналӣ аз варзишагри Муғулистон шикаст хӯрд. Дар рақобат барои медали биринҷӣ бо дзюдочии қазоқ пирӯз шуд.
Қобили зикр аст, ки ин медали чоруми намояндагони Тоҷикистон дар Бозиҳои Осиё-2018 аст. Қаблан гурзандоз Дилшод Назаров, гуштигир Беҳрӯз Хоҷазода ва қаиқрон Шаҳриёр Даминов ба дарёфти медалҳои нуқра шарафёб гардида буданд.
Боз ду дзюдочии тоҷик ба дарёфти медалҳои Бозиҳо имкон доранд. Дар қувваозмоӣ барои медали биринҷӣ Саидҷалол Саидов (вазни то 100 кило) бо намояндаи Муғулистон рақобат мекунад.
Дар вазни зиёда аз 100 кило Шакармамад Мирмамадов барои дарёфти медали биринҷии бозиҳо шояд ба варзишгари Ҷопон ба майдон барояд, лекин натиҷааш ҳоло дар сомонаи расмии Бозиҳо тасдиқи худро наёфтааст.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.
10 вопросов, которые нужно задать врачу об ожирении
Главный военный прокурор Таджикистана выступил за предотвращение незаконных методов набора призывников
Эмомали Рахмон произвёл кадровые назначения в органах суда и прокуратуры
В Душанбе сбили работницу коммунальных служб: она скончалась в больнице
СМИ: ЕС приостановил разработку пакета военной помощи Украине из-за Венгрии
Сносить нельзя оставить. Где мэрия Душанбе поставит запятую?
В Таджикистане в месяц Рамазан изменили график подачи света населению
В Казахстане насчитали 400 прорывоопасных гидротехнических сооружений
Таджикистан и Кыргызстан намерены восстановить прямые авиарейсы между двумя странами
В Австралии умер один из старейших доноров в мире. Его плазма спасла 2,4 млн детей
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста