Гуштигири тоҷик Сомон Маҳмадбеков ба унвони чемпиони ҷаҳон оид ба дзюдо байни ҷавонон соҳиб шуд. Дар қувваозмоии финалӣ дар вазни то 73 кило ӯ рӯзи 17-уми октябр бар ҳарифаш аз Русия Георгий Елбакиев дастболо шуд.

Дар ин бора дар саҳифаи клуби гуштигирии “Ҳоҷӣ Шариф” дар Facebook, ки Маҳмадбеков дар он машқ мекунад, хабар дода мешавад.

Қобили зикр аст, ки ин медали тиллои Сомон Маҳмадбеков аввалин байни ҷавонон оид ба дзюдо дар таърихи Тоҷикистон аст.

Чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо байни ҷавонон (U-21) дар Марокаш ҷараён дорад. Дар қувваозмоиҳо, ки то 20-уми октябр идома меёбанд, Тоҷикистонро шаш варзишгари ҷавон намояндагӣ мекунанд. Ҳамагӣ дар мусобиқа 517 нафар дзюдочиён – 294 марду 223 зан аз 81 кишвари ҷаҳон иштирок доранд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ, дар рӯзи аввал Ҷамолиддин Абдуллоев ва Идибек Сафаров дар вазни -66кг гуштин гирифтанд, вале аз медал бенасиб монданд. Ҷамолиддин пас аз ду ғалаба дар даври сеюм ва Идибек дар даври аввал аз ҳарифонашон шикаст хурданд. Дар вазни -73кг варзишгари дигарамон Қоим Шукронов дар даври аввал аз ҳарифи амрикоияш мағлуб шуд.

Гуфта мешавад, имрӯз,  18-уми октябр ду варзишгари дигари кишвар – Абӯбакри Акобир ва Эмомризо Анварзода дар вазни -90кг ба рақобат мепардозанд.

Чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо байни ҷавонон дар 14 вазн миёни мардону занон доир мегардад. Ба ғолибон ва зинаҳои дуюму сеюм ба ҷуз медалу дипломҳо мукофтпулӣ низ тақдим мешавад: ба ғолиб – 2500 доллар, зинаи дуюм – 1500 доллар ва зинаи сеюм 850 доллар.

Маврид ба ёдоварист, ки моҳи декабри соли 2018 Сомон Маҳмадбеков дар Чемпионати Осиё оид ба дзюдо дар Ҳонконг ба дарёфти медали тилло ноил гардида буд. Комёбиҳои ӯ дар Ҷоми кушоди Аврупо оид ба дзюдо байни ҷавонон (то 21-сола) дар Португалия – медали нуқра, Ҷоми кушоди Аврупо оид ба дзюдо байни наврасон дар Испания – медали биринҷӣ низ шоистаи таҳсин аст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.