Ҷудокори тоҷик Темур Раҳимов дар мусобиқаи Гранд Слами Абу Дабӣ  Abu-Dhabi Grand Slam-2022 юа дарёфти медали биринҷӣ ноил гардид.

Бо ин дастовард Темур Раҳимов 500 имтиёз ба даст оварда, зинаи аввали худро дар радабандии Федерасияи байнулмилалии ҷудо (IJF) мустаҳкам кард. Ӯ ҳамчунин дар ҳаҷми 1500 евро мукофотпулӣ мегирад.

Тавре ки Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, Темур дар вазни +100кг рақобатро аз ҳаштякфинал шуруъ карда, бар варзишгари Узбекистон Бекмурод Олтибоев, дар чорякфинал бар намояндаи Озарбойҷон Ҷамол Ғамзатхонов пирӯз гардид, вале дар нимфинал аз варзишгари Чех Лукас Крпалек, ки медали тиллои ин вазнро ба даст овард, шикаст хурд. Темур сипас дар қувваозмоӣ барои ҷои сеюм Мариус Физел аз Словакияро мағлуб намуд. Дар ин вазн медали нуқра насиби Ҷур Спикерс аз Нидерланд, медали дигари биринҷӣ насиби Иней Маринич аз Словения гардид.

Ёдрас мешавад, кидастаи мунтахаби ҷудои Тоҷикистон иборат аз 10 нафар – 2 зан, 8 мард дар мусобиқа ширкат карданд. Дар вазни -90кг ду варзишгари мо натиҷаи беҳтар нишон доданд – Ҷаҳонгир Маҷидов ҷои панҷум, Комроншоҳ Устопириён ҷои ҳафтумро касб намуданд.

Гуфта мешавад, ин сеюм медали Темур Раҳимов дар мусобиқаҳои Гранд Слам дар соли 2022 мебошад. Ӯ дар Гранд Слами Телавив ва Гранд Слами Анталия низ медали биринҷӣ ба даст оварда буд. Ҳамчунин, имсол дар Чемпионати ҷаҳонии ҷудо ҷои панҷум, дар Чемпионати Осиё ҷои дуюмро сазовор гардидааст ва дар зинаи аввали радабандии ҷаҳонӣ мавқеъ дорад.

Мусобиқаи Гранд Слами Абу Дабӣ (Амороти Муттаҳидаи Араб) 21-23 октябр бо иштироки 414 варзишгар (239 мард, 175 зан) аз 65 давлат баргузор шуд.

Сайри ҷаҳонии ҷудо соли 2022 бо Гранд Слами Боку (4-6 ноябр), Гранд Слами Токио (3-4 декабр) ва мусобиқаҳои ситораҳои ҷудо дар Йерусалим (20-22 декабр) ба анҷом мерасад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.