Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) дар “Агроинвестбонк” ва “Тоҷиксодиротбонк”, ки барҳам мехуранд, мудирони муваққатӣ таъин кард.
Бино ба иттилои БМТ, то таъин шудани мудири махсус аз ҷониби суд “Агроинвестбонк”-ро Даврон Тухтаров ва “Тоҷиксодиротбонк”-ро Ҷамшед Абдураҳимов идора мекунанд.
“Мудирон барои идора кардани бонкҳои мазкур бо мақсади таъмини ҳифзу нигоҳдории дороиҳои онҳо то лаҳзаи аз ҷониби суд таъин кардани мудирони махсус масъул мебошанд”, - омадааст дар хабари Бонки миллӣ.
Бонки миллии Тоҷикистон барои дастрасии маълумот оид ба раванди барҳамдиҳии бонкҳои мазкур рақамҳои телефони мудиронро дар сомонаи худ ҷойгир намудааст.
“Дар мавриди пайдо шудани саволҳо ва нофаҳмиҳо, муштариён метавонанд бо мудирон дар тамос шаванд”, - зикр мешавад дар маълумоти БМТ.
Мувофиқи қонун “Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ”, дар рӯзи қабули қарор дар бораи бозхонди иҷозатномаи бонк БМТ мудири муваққатӣ таъин мекунад.
Худи ҳамон рӯз Бонки миллӣ бо ариза ба суд (дар ин ҳолат - Суди иқтисодии шаҳри Душанбе) муроҷиат менамояд, ки мудири махсус таъин карда, дар бораи маҷбурӣ барҳамдиҳии ташкилот қарор қабул мекунад. Рӯйхати номзадҳо ба вазифаи мудири махсус аз ҷониби Бонки миллӣ пешниҳод мешавад.
Пас аз таъини мудири махсус ҳамаи ваколатҳо оид ба идоракунии ташкилоти қарзӣ (маҷлиси умумии саҳҳомон, шӯрои наозирот, раёсат, раис) қатъ гардида, мудири махсус ягона намояндаи қонунии бонк мешавад.
Ҷараёни барҳамдиҳии бонк муҳлати на беш аз ду соли тақвимиро дар бар гирифта, дар сурати зарурат бо дархости мудири махсус суд метавонад онро боз ба муҳлати ду сол дароз кунад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Замглавы Исфары оштрафован за продажу земли, но пока остается на своем посту – Агентство по борьбе с коррупцией Таджикистана
Аденома простаты, отсутствие эрекции и бесплодие: какие мужские болезни лечат в клинике «Евромед»?
В Душанбе изъяли 5000 пачек контрабандных сигарет
ЕБРР провел мастер-класс и тренинг для клиентов и сотрудников «Амонатбанка»
Семь бед и ни одного ответа. Слово о ЖКХ в Таджикистане
Посольство Китая оснастило международную школу в Душанбе смарт-экранами
В Кыргызстане таксистов обяжут получать лицензии
Эмомали Рахмону показали процесс адаптации редких растений к условиям Таджикистана
Обязательное электронное кодирование товаров: кому из импортеров Таджикистана нужно будет его внедрять?
АБР на 50% увеличит финансирование своих операций в развивающихся странах
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста