Пардохти ҷуброни суғуртавӣ ба амонатгузорони “Агроинвестбонк” ва “Тоҷиксодиротбонк” бо анҷоми 14 рӯз аз содир шудани қарори суд дар бораи барҳамдиҳии ин ташкилотҳои қарзӣ дар бонк-агент сурат мегирад.

Дар маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) номи бонк-агент оварда нашудааст, лекин ба гумони ғолиб ва назардошти таҷрибаи барҳамдиҳии “Тоҷпромбонк” ва “Фононбонк”, ин Бонки давлатии амонатгузории “Амонатбонк” хоҳад буд.

Гуфта мешавад, Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ ба диққати пасандоздорони ҶСК “Агроинвестбонк” ва ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” мерасонад, ки маблағи пасандози шахсони воқеӣ бо пули миллӣ то 30 ҳазор сомонӣ ва бо асъори хориҷӣ то 21 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби Хазина пурра ҷуброн карда мешавад.

Дар ҳамин ҳол, Хазина хабар медиҳад, ки маблағи боқимондаи пасандозҳо дар раванди барҳамдиҳӣ аз ҷониби мудири махсуси дар ташкилоти қарзӣ таъиншуда, тибқи тартиби дар қонунгузорӣ муқарраршуда пардохт хоҳад шуд.

“Хазина тамоми имконият ва захираҳоро ҷиҳати пурра ва саривақт дар доираи андозаи муқарраршуда пардохт намудани маблағи ҷубронпулии суғуртаро ба пасандоздорони ҶСК “Агроинвестбонк” ва ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” дорад”, - омадааст дар маълумоти Хазина.

Тибқи маълумоти БМТ, маблағҳои 23,7 ҳазор амонатгузорон (86%)-и “Агроинвестбонк” ва 3,5 ҳазор амонатдорон 64%)-и “Тоҷиксодиротбонк” пурра аз ҳисоби Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ пардохт мешавад.

Пулҳои 14% (4 ҳазор) боқимонда саҳмдорони “Агроинвестбонк” ва 36% (2 ҳазор) амонатгузорони “Тоҷиксодиротбонк” аз ҷониби ин Хазина қисман баргардонида мешаванд.


Усули кори Хазина

Маблағи боқимондаи  амонатҳои шахсони воқеӣ дар баробари қарзҳо ба шахсони ҳуқуқӣ аз ҳисоби фурӯши дороиҳои ин бонкҳо парддохт мешавад.

Ёдрас мекунем, ки бо қарори Раёсати БМТ, аз 21 майи соли ҷорӣ иҷозатномаҳои “Агроинвестбонк” ва “Тоҷиксодиротбонк” бозхонд карда шуд.

Сабаби бозхонди иҷозатнмаҳоро БМТ “пайдарпай такрор гардидани норасоиву камбудиҳо ва саривақт пешгирӣ накардани онҳо характери системавӣ гирифта,  низоми номукаммали идоракунии корпоративӣ, дар сатҳи зарурӣ қарор надоштани салоҳияти касбии шахсони роҳбарикунанда ва роҳандозӣ нашудани принсипҳои муосири менеҷментӣ” маънидод кард.

“Сифатнокии дороиҳои бонк тадриҷан коста гардида, қисми асосии онҳо ба фаъолияти бонкӣ мансуб набуда, корҳо дар самти фурӯши гаравҳо ва тариқи пулӣ баргардонидани қарзҳо дар сатҳи паст қарор дошта, меъёрҳои муқаррарнамудаи Бонки миллии Тоҷикистон тайи чанд соли охир риоя намегарданд”, - гуфта мешавад дар маълумот.

Ҳамчунин ба зиёдшавии арзу шикоятҳо ҷиҳати коста гардидани эътимоду боварии аҳолӣ ба ин Бонк ва дар умум ба низоми бонкӣ ишора шудааст.

Мувоофиқи қонунгузорӣ, ҷараёни барҳамдиҳии бонк на зиёдтар аз ду соли тақвимӣ муқаррар шуда, зимни зарурат суд метавонад муҳлати барҳамдиҳиро бо ду сол дароз кунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.