Роҳбарияти Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ба парлумони кишвар даъват гардида, оид ба корҳое, ки барои беҳтар шудани сифати интернет дар соли равон карданд, ба вакилон “ҳисобот” додаанд.
Илҳомҷон Атоев, муовини раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон дар назди вакилон гуфтааст, ки то моҳи декабри соли 2023 дар кишвар 1054 истгоҳи базавии алоқаи мобилии нав фаъол шуд, ки “метавонанд суръати дастрасӣ ба шабакаи интернетро на камтар аз 30-32Мб/с барои ҳар як истифодабаранда таъмин намуда, ба беҳтар намудани сатҳи сифати хизматрасонӣ ва арзон намудани арзиши он мусоидат намоянд”.
Ба иттилои ӯ дар 11 моҳи соли равон 500,5 км кабели нурию нахӣ ва таҷҳизоти муосири рақамӣ бо мақсади бунёди шабакаҳои GPON-“Gigabit Passive Optical Network” –“Шабакаи пассивии оптикии гигабит” дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, аз ҷумла дар минтақаҳои дурдаст ва кӯҳистон насб шудааст.
Ӯ гуфтааст, аз соли 2024 то 2028 иловатан 7,6 ҳазор маҷмӯъи таҷҳизоти истгоҳҳои базавии алоқаи мобилӣ мавриди истифода қарор хоҳанд гирифт.
Ҳисоботи муовини раиси Хадамоти алоқа вакилонро қонеъ накардааст ва суолҳоеро боқӣ гузоштааст.
Хайрулло Амонулло, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия, ки ҷаласа зери роҳбарии ӯ гузаштааст, дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, ки аксари вакилон аз ҳисоботи роҳбарияти Хадамоти алоқа оид ба беҳтар кардани сифат ва поин овардани нархи интернет қонеъ нашуданд.
“Албатта, бархе корҳо ба сомон расонида шудааст, вале барои беҳтар шудани вазъ корҳои зиёди дигарро кардан лозим аст”, - гуфт ӯ.
Номбурда афзуд, аз натиҷаи ҷаласа ва нукоте, ки боиси норозигии вакилон гардидааст, рӯзҳои наздик ба роҳбарияти Хадамоти алоқа мактуби расмӣ ирсол хоҳанд кард.
Аммо аз таҳия ва қабули Қонуни ҶТ “Дар бораи алоқа" дар таҳрири нав вакилони парлумон истиқбол карда, гуфтаанд, он барои беҳтар шудани сифати интернет ва поин кардани нархи он заминаи ҳуқуқӣ мегузорад.
Бояд зикр кард, ки мушкили интернет дар Тоҷикистон чандин сол аст, ки мавриди баҳс аст. Таъкиди раиси ҷумҳури кишвар зимни паём ба парлумон дар соли гузашта ва интиқодаш аз суръату сифати интернет ин баҳсро тамоми сол гарм нигоҳ дошт.
Масъулини Хадамоти алоқа гуфтанд, аз ҳисоби мутахассисон ва муҳандисони соҳа ситоди доимӣ таъсис дода, якҷо бо ширкатҳои мобилӣ нақшаи мушаххаси рушд таҳия кардааст.
Зимни нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти фаъолияти Хадамоти алоқа дар нимсолаи аввали соли 2023 зикр карда шуд, ки Бег Сабур, сардори ин ниҳод барои ошноӣ бо вазъи фарогирии интернет дар манотиқи баландкӯҳ ба Мурғоб рафтааст ва тибқи нақша дар ояндаи наздик бояд 450 пойгоҳ барои интернети 4G вориди Тоҷикистон шавад. Ваъда доданд, ки дар ояндаи наздик нархи интернет низ поин оварда мешавад.
Шуруъ аз моҳи октябр хабарҳо дар бораи беҳтар кардани интернет зиёд шуд. Бег Сабур бо намояндагони ширкатҳои мобилӣ вохӯрда, нигаронии худро аз нарху сифати интернет иброз дошт ва барои шинос шудан бо вазъи интернет ба минтақҳо рафт.
Ҳамчунин, баъди 8 сол ба ду ширкат - ҶСП “ТТ Мобайл” (МегаФон Тоҷикистон) ва ҶСП “Индиго Тоҷикистон” (Tcell) то соли 2027 барои интиқоли интернет ба Тоҷикистон иҷозатнома дод. То ин замон танҳо “Тоҷиктелеком”, ниҳоди зертобеи Хадамоти алоқа иҷозаи ворид ва фурӯши интернетро дошт.
Вале аҳолӣ ҳамоно аз сифати инетернет шикоят доранд. Дар радабандии “Speedtest Global Index” ҳам аз рӯи суръати интернети ноқилӣ ва мобилӣ, бо назардошти маълумоти моҳи август ва ноябри соли 2023, Тоҷикистон бо суръати боргирӣ (скачивание)-и 9.61 Мб/с ва боргузорӣ (загрузка)-и 5.71 Мб/с. дар ҷойи 139-ум (байни 145 кишвари ҷаҳон) аст. Суръати интернети мобилӣ дар кишвар 9,35 Мбит/с будааст, ки дар як радиф бо Куба, Яман, Сурия ва Афғонистон қарор дорад.
Аз рӯи суръати интернети ноқилӣ дар байни 181 кишвари ҷаҳон бо суръати миёнаи зеркашӣ 90,21 Мб/с ва боргузорӣ 41,18 Мб/с дар ҷои 125-ум қарор дорад.
Темурхон Каюмов: золотой путь к успеху в карате
Гастрономические открытия Китая: пять ресторанов, которые изменят ваше представление о кухне
Мумии из Искодара. В Таджикистане нашли необычные захоронения
Что говорили власти России о мигрантах после "Крокуса" и что говорят сейчас?
Для успешной борьбы со СПИДом необходимо защищать права каждого
Зеленский заявил о готовности заморозить войну с Россией в обмен на членство в НАТО
Какую погоду ожидать в Таджикистане в декабре?
В России с 1 декабря стартует эксперимент по сдаче биометрии иностранцами
Инновации в сельском хозяйстве и новые законы: президент провел заседание правительства
ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Мобильная связь под контролем МВД, пик рубля, нехватка воды в Нуреке и нерабочая горячая линия для мигрантов
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста