Бег Сабур, сардори Хадамоти алоқа ду моҳ ба ин сӯ бо роҳбарони ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон мулоқот мекунад, ба ширкатҳои хусусӣ иҷозаи воридоти интернетро медиҳад, бо ширкатҳои хориҷӣ ёддошти ҳамкорӣ ба имзо мерасонад, ваъдаҳои бесобиқа медиҳад ва барои санҷиши вазъ ба манотиқи кишвар меравад. Аммо ҳамоно суръати интернет ва сифати алоқаи мобилӣ дар саросари кишвар паст ва нигаронкунанда боқӣ мондааст.
Сардори Хадамоти алоқа, пас аз сафар ба вилояти Хатлон, акнун дар пайи шикояти сокинон ба ҷамоати деҳоти Шарораи шаҳри Ҳисор сафари корӣ анҷом додааст.
Сардори Хадамоти алоқаро роҳбарони ширкатҳои мобилии “МегаФон”, “Тселл”, “Вавилон” ва “Зет-Мобайл” ҳамроҳӣ кардаанд ва аз ҷониби мутахассисон мониторинги сифати алоқа гузаронида шудааст.
“Бег Сабур бо шиносоӣ аз натиҷаи мониторинг сифати алоқаро дар ҳудудҳои ин ҷамоати деҳот ғайриқаноатбахш ва нокифоя хонда, аз фаъолияти ширкатҳои мобилӣ изҳори нигаронӣ намуд. Зимни баррасии шикояти сокинон нисбат ба сатҳу сифати мавҷи алоқаи мобилӣ ба масъулин супориш дода шуд, ки дар муддати кӯтоҳ истгоҳҳои базавии иловагӣ насб карда шавад”, - навиштааст сомонаи Хадамоти алоқа.
Шикояти муштариён
Бояд гуфт, ин бори нахуст нест, ки муштариён аз суръати интернет ва сифати мавҷи алоқаи мобилӣ шикоят кардаанд. Чанд сол ба ин сӯ, корбарон дар ба расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ аз ин вазъ нигаронӣ мекунанд.
Қаблан, дар моҳи окятбр Бег Сабур масъулинро муваззаф карда буд, ки дар як ҳафта минтақаҳои беинтернетро рӯйхат кунанд ва баъди муҳлати муқарраршуда ӯ натиҷаи кори онҳоро пурсон шуд. Аммо натиҷаи кори мутахассисон расонаӣ нагардид ва маълум нашуд, ки дар он феҳрист кадом шаҳру навоҳӣ ворид гардиданд.
Дар ҳамин ҳол, як пурсиши “Азия-Плюс” муайян кард, ки вазъи интернет ва мавҷи алоқаи мобилӣ қариб дар саросари кишвар, ҳатто дар шаҳри Душанбе, нигаронкунанда аст.
Дар ин пурсиш, ки то субҳи имрӯз, 20-уми декабр, 808 нафар овоз додаанд, 63 дарсади овоздиҳандагон суръати интернетро паст ва нокифоя гуфтаанд ва 22 дарсади дигарашон аз ин вазъ норозигӣ баён кардаанд.
Дар маҷмӯъ, 85 дарсади пурсидашудагон аз суръати интернет шикоят доранд ва танҳо 9 дарсад қаноатбахш ва 6 дарсад хуб гуфтаанд.
Аз кадом манотиқ шикоят мекунанд?
Ба гуфтаи муштариёне, ки дар пурсиши мо ширкат карданд, ҳоло дар бисёре аз манотиқи кишвар мавҷи алоқа ва интернет заъиф будааст.
Аз он ҷумла, муштариён аз суръати пасти интернет ва мавҷи заифи алоқаи мобилӣ дар шаҳру навоҳии Хуҷанд, Бобоҷон Ғафуров, Исфара, Истаравшан, Панҷакент, Айнӣ, Мастчоҳ, Конибодом, Ваҳдат, Ҳисор, Шаҳринав, Шаҳритус, Хуросон, Ҷомӣ, Бохтар, Данғара, Ҳамадонӣ, Фархор, Панҷ, Лахш ва чанде дигар шикоят доранд.
Корбарони интернет дар маҳаллаҳои “Гипрозем”, “Пахтакор” ва атрофи Бозори “Корвон”-и шаҳри Душанбе ҳам бо нигаронӣ мегӯянд, ки интернети ҳама ширкатҳо кор намекунад.
“Мо даъвои интернети 5G надорем, танҳо...”
Саидкарим, як сокини пойтахт менависад, “вай-файи ширкати “Вавилон” дорем, як чанд рӯз шуд, ки кор намекунад”.
Як муштарии дигар менависад, “дар Душанбе суръати интернет тамоман мурдагӣ, дар Хуҷанд бошад - ниммурда”.
Парвиз, як сокини ноҳияи Вахш гуфтааст, ки бо 250 сомонӣ бастаи интернет харидорӣ мекунад, вале онро истифода бурда наметавонад – “мавҷи алоқаву интернет ба сифр баробар аст”.
Акрам, Содиқ ва Азизбек, сокинони шаҳри Ваҳдат аз суръати интернет ва мавҷи алоқаи ширкати “MegaFon” шикоят мекунанд.
Давлатмурод Ҷумъаев, Илҳоми Каримзод ва Суҳроб Низомов, сокинони шаҳри Панҷакент мегӯянд, ки суръати интернет ва мавҷи алоқаи ширкатҳои “MegaFon” ва “Tcell” ҳам дар маркази шаҳр ва ҳам дар деҳот заъиф аст.
Иброҳимзода менависад, ки “дар ноҳияи Панҷ ҳам “MegaFon”, ҳам “Tcell” интернеташ як тараф истад, ҳатто барои гап задан мавҷ надоранд”.
Чандин сокини Конибодом, Шаҳринав, Шаҳритус, Ҳамадонӣ аз интернети заъифи “MegaFon”, “Zet-Mobile”, “Tcell” ва “O Mobile” шикоят мекунанд.
Ба ин маъно як муштарии дигар навиштааст, “дар тамоми ҳудуди кишвар интернет суст. Ҳатто интернет 2G кор намекунад. Мо ҳоло даъвои интернети 5G надорем, ҳамин интернети 3G-ро хуб кунанд, бисёр кори хуб мешавад”.
Шикояти мансабдорони давлатӣ
Гуфтан ба маврид аст, аз суръати пасти интернету мавҷи заъифи алоқаи мобилӣ пештар ҳатто мансабдорони давлатӣ ҳам шикоят карда буданд. Аз ҷумла, чанде пеш раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот дар як ҷаласа аз суръату сифати интернет ва алоқа дар минтақа шикоят карда буд.
Пештар аз ин, Аъзам Ализода, раиси ноҳияи Мастчоҳ низ аз суръати сусти интернет ва таҷҳизоти кӯҳнаи ширкатҳои мобилӣ нигаронӣ намуда буд.
Бештар аз ин, раиси ҷумҳури кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳам дар паёми охирини худ рӯзи 23-юми декабри соли 2022 аз сифари пасту нархи баланди интернет ва дигар мушкилоти алоқа интиқод карда, ба Хадамоти алоқа дастур дода буд, ки барои бартараф кардани он дастбакор шаванд.
Аммо агар Бег Сабур, сардори Хадамоти алоқа, танҳо баъди шикояти сокинон ба минтақаҳо сафари корӣ анҷом диҳад, пас ба эҳтимоли зиёд, ӯро зарур аст, ки тамоми шаҳру навоҳии мамлакатро “зиёрат” кунад.
Вазорати энергетика: 80%-и ҳодисаҳои тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон ба об марбутанд
Эрон низ сафирашро дар Афғонистон нав кард
4 “Шоҳҷоиза” ва беш аз 120 ғолиб. Киҳо соҳиби ҷоизаи озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ...” шуданд?
Путин Эмомалӣ Раҳмонро ба Маскав даъват кард
Дар Чемпионати Осиё оид ба қаиқронӣ Тоҷикистон соҳиби 7 медал шуд
Тақдири талхи муҳоҷир: чӣ гуна сокини Хуҷанд бе хонаву оила монд?
“Ҳуҷҷатҳоро мехаранд”. Чаро дар Тоҷикистон фарҳанги ронандагӣ коста аст?
Ҳеҷ гоҳ қаламро раҳо накард. Нигоҳе ба рӯзгори ятимӣ ва нақди адабии Соҳиб Табаров
Газ аз поруи чорво: биодайджестерҳо дар Тоҷикистон мушкили мардумро осон мекунанд
Дар мурофиаи чоруми чеҳраҳои шинохта 3 шоҳид алайҳи онҳо баромад кардааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста