Муҳаммадтоир Зокирзода, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ зимни суханронӣ дар назди вакилони пурлумон ва аъзоёни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ оид ба пешниҳоди президенти кишвар дар хусуси аз эътибор соқит кардани қарзи субъектҳои соҳибкорӣ аз андоз, ки то соли 2018 ба вуҷуд омадааст, хабар додааст.
Ӯ, ки рӯзи 29-уми декабр дар ҷаласаи якҷояи нуҳуми Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон даъвати шашум бо ширкати 30 аъзои Маҷлиси миллӣ ва 59 вакили Маҷлиси намояндагон суҳбат мекард, гуфтааст, “Паёми имсола аз лиҳози муҳтавою серпаҳноии худ аз паёмҳои қаблӣ ба куллӣ фарқ дорад, зеро дар Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод гардид, ки:
- низоми идоракунии давлатӣ такмил ва ислоҳоти сохторӣ идома дода шавад;
- қарзи андозҳои то 1 январи соли 2018 ба вуҷудомадаи субъектҳои соҳибкорӣ аз эътибор соқит карда шавад;
- музди меҳнат 40 дарсад ва нафақа 30 дарсад зиёд карда шавад;
- бо ҳадафи ҳифзи ёдгориҳои таърихиву фарҳангии миллӣ Агентии ҳифзи ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ таъсис дода шавад;
- баҳри таҳкими қонуният ва волоияти қонун соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон карда шавад”.
Нуктаи боиси таваҷҷуҳ ин аст, ки дар матни интишоргардидаи паёми имсолаи президент оид ба пешниҳоди “аз эътибор соқит кардани қарзи андозҳои то 1 январи соли 2018 ба вуҷудомадаи субъектҳои соҳибкорӣ” ҳарфе нест.
Ҳамчунин, зимни ироаи паём ҳам Эмомалӣ Раҳмон берун аз матни баромадаш оид ба ин масъала ишора накардааст.
Бояд гуфт, ки бақияи қарзи андоз дар Тоҷикистон яке аз масъалаҳои баҳсӣ дониста мешавад. Мақомоти масъули кишвар сабаби ба вуҷуд омадани қарзи андозро бемасъулиятии андозсупорандагон дар иҷрои уҳдадории андоз, нокифоя афзоиш ёфтани манбаъҳои андозбандӣ, бо фоидаи ночиз ҷамъбаст намудани фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ унвон мекунад.
Соҳибкорон бошанд, зиёд будани меъёри андоз ва санҷишҳои беасоси мақомоти андозро сабаби сари вақт иҷро накардани уҳдадориҳои худ дар назди давлат ва ҳамин тавр, ба вуҷуд омадани қарз дар назди мақомоти андоз медонанд.
Тибқи иттилои Кумитаи андози Тоҷикистон маблағи бақияи қарзи андоз ба ҳолати 1-уми январи соли 2018 беш аз 771 млн сомонӣ буд.
Ҳаҷми бақияи қарзи андоз ба ҳолати 1-уми январи соли 2023 беш аз 728 млн сомонӣ будааст. Дар 9 моҳи соли 2023 бақияи қарз 166,3 миллион сомонӣ афзоиш ёфта, то 1-уми октябри соли гузашта 894,4 миллион сомониро ташкил додааст.
Дар нишасти охири матбуотӣ Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андоз аз панҷ қарздори калонтарини зерин ном бурд, ки дар маҷмӯъ қариб 235 миллион сомонӣ (ҳудуди 22 миллион доллар) қарздор ҳастанд:
- ҶСК “НБО Сангтӯда-1” - 94 миллион сомонӣ;
- ҶДММ “Талко ресурс” - 39 миллион сомонӣ;
- ҶДММ “ТВЕА Душанбе кӯҳӣ” – 36,5 миллион сомонӣ;
- ҶСК “НБО Роғун” - 33,3 миллион сомонӣ;
- ҶСК “Тоҷиктелеком” ва сохторҳои он – 31,5 миллион сомонӣ.
Ҳамчунин, Нозим Меликзода, муовини раиси Кумитаи андози Тоҷикистон дар иҷлосияи навбатии палатаи поёни парлумони Тоҷикистон рӯзи 2-юми ноябри соли 2023 гуфта буд, ки аз ҳисоби ширкатҳое чун ҶСК “Ширкати Алюминийи Тоҷик”, ҶСК “Тоҷиктелеком”, ЧДММ “Ширкати кӯҳӣ — саноатии Тоҷикистону Хитой”, ҶДММ “Ширкати металлургии “Анзоб”, ҶСК “Талко Голд” ва ширкатҳои мобилӣ дар 9 моҳи соли гузашта ба буҷет 349 миллион сомонӣ ворид нашуд.
Ҳамин тариқ, маълум нест, ки пешниҳоди аз эътибор сокит кардани қарзҳои субъектҳои соҳибкорӣ аз андоз, ки то соли 2018 ба вуҷуд омадааст, дар куҷо зикр шудааст ва раиси палатаи поёни парлумон ба такя ба кадом дастури президент ба вакилони Маҷлиси намояндагон ва аъзоёни Маҷлиси миллӣ чинин маълумотро ироа кардааст.
Эмомалӣ Раҳмон паёми солонаи худро ба парлумони кишвар рӯзи 28-уми декабри соли 2023 ироа кард. Дар паёми худ раиси ҷумҳур самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷиро муайян карда, фаъолияти ҳукуматро дар соли 2023 натиҷагирӣ ва ҳадафҳоро барои соли 2024-ро мушаххас кард.
Идеальная фигура к Новому году — как похудеть за 14 дней
Сухроб Касымов: "Я жалею, что воевал против своих…"
Стихия с начала года унесла жизни 17 таджикистанцев
Минтруд России назвал самые высокие зарплаты мигрантов
В Таджикистане создали приложение, которое поможет туристам исследовать страну
Нуреку - городу солнца и света сегодня 64. Фотолетопись нашей истории
В Таджикистане определились с налогоплательщиками – льготниками на 2025 год
Душанбе занял 216-е место в рейтинге лучших городов для экспатов
В Канибадаме обнаружены тела ещё четырёх человек - членов двух семей
За распространение психотропных препаратов в Душанбе задержали пять человек
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста