Дар 9 моҳи соли равон бақияи қарзи андоз дар Тоҷикистон 166,3 миллион сомонӣ афзоиш ёфта, то 1-уми октябри соли ҷорӣ 894,4 миллион сомониро ташкил додааст. Дар ин бора Нозим Меликзода, муовини раиси Кумитаи андози Тоҷикистон дар иҷлосияи навбатии палатаи поёни парлумони Тоҷикистон рӯзи 2-юми ноябр иброз дошт, хабар медиҳад, рӯзномаи “Садои мардум”.
Номбурда гуфтааст, ҳарчанд нақшаи андоз дар ин давра 106,2 дарсад иҷро гардид, вале аз ҳисоби ширкатҳое чун ҶСК “Ширкати Алюминийи Тоҷик”, ҶСК “Тоҷиктелеком”, ЧДММ “Ширкати кӯҳӣ — саноатии Тоҷикистону Хитой”, ҶДММ “Ширкати металлургии “Анзоб”, ҶСК “Талко Голд” ва ширкатҳои мобилӣ ба буҷет 349 миллион сомонӣ ворид нашуд.
Ба таъкиди вай, “сабаби таъмин нагардидани иҷрои нақша аз ҳисоби субъектҳои номбурда чун солҳои қаблӣ таъмин нашудани иҷрои дурнамои нишондиҳандаҳои ин корхонаҳо, нокифоя афзоиш ёфтани манбаъҳои андозбандӣ, бо фоидаи ночиз ҷамъбаст намудани фаъолият ва дигар омилҳо вобастагӣ дорад”.
Ин масъули Кумитаи андоз гуфтааст, дар ин давра аз 13,6 ҳазор андозсупорандаи қарздор 812 миллион сомонӣ рӯёнидаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 133,9 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Дар натиҷаи анҷом додани корҳои назоратӣ 994,1 миллион сомонӣ ошкор карда, ба буҷет бо назардошти қарзҳои солҳои қаблӣ 872 миллион сомонӣ ворид шуд. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 303,4 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Дар ҷаласа, Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон иттилоъ додааст, ки иҷрои нақшаи қисми даромади буҷети давлатӣ дар 9 моҳи соли раовн 101,6 фоиз таъмин гардида, ба буҷет 30,5 млрд. сомонӣ ворид шудааст.
Ашки шодӣ, рақсу бозӣ, оғӯшгириву дастфишорӣ. Гузориш аз бозшавии сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон
Дар Душанбе тавонмандсозии занонро муҳокима карданд
“Лағви раводид барои шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ”. Содир Жапаров гуфт, дар минтақа “осоиши абадӣ” барқарор шуд
Соли талошу бурдҳо: натиҷаҳои фаъолияти “Азия-Плюс” дар соли 2024
Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ ба Русия меравад
Санъаткорон беш аз 4,3 миллион сомонӣ андоз пардохт кардаанд
Кор дар Қатар. Хадамоти муҳоҷират бори дигар хоҳишмандонро барои кор ба ин кишвари арабӣ даъват кард
Дар чемпионати ҷаҳон оид ба бокс Мижгона Самадова то даври чаҳорякниҳоӣ расид
Имсол “Наврӯз” дар Тоҷикистон кай фаро мерасад?
Дабири кулли СММ Тоҷикистону Қирғизистонро бо имзои созишномаи таърихӣ табрик кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста