Ҳаракати хатсайри қатораи Душанбе - Волгоград – Душанбе, ки ду маротиба дар як ҳафта ба роҳ монда шуда буд, то як маротиба дар як ҳафта коҳиш ёфтааст. Сабаби кам шудани ҳаракати қатора адами мусофирон будааст.
Як масъул аз Корхонаи воҳиди давлатии “Роҳи оҳани Тоҷикистон” ба “Азия-Плюс” гуфт, ки миёни Душанбе - Волгоград - Душанбе то кунун ҳафтае ду маротиба ҳаракати қатора ба роҳ монда шуда буд ва сар аз соли 2024 яке аз он хатсайрҳо боздошта шуд.
“Барои он ки мусофир нест, ҳаракати як хатсайр муваққатан боздошта шуд, вале ҳар вақте музоҷони бештар муроҷиат кунанд, он хатсайр аз сар ба фаъолият оғоз мекунад”, - гуфт ҳамсӯҳбати мо аз КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон”.
Ҳамин тавр, бо назардошти адами мусофир ҳаракати қатора дар рӯзи шанбеи ҳар ҳафта муваққатан боздошта шудааст.
Манбаъ афзуд, ҳоло як хатсайр ҳар ҳафта рӯзи сешанбе аз Душанбе ба Волгоград меравад ва рӯзи ҷумъа аз Волгоград ба Душанбе бармегардад. Нархи чиптаи он барои вагонҳои умумӣ ё ба истилоҳ "платскарт" 1769 сомонӣ ва ҳуҷраҳои алоҳида ё "купе" 2260 сомонӣ аст.
Ёдовар мешавем, ки аз 17-уми марти соли 2020 ҳаракати қатораҳо миёни Тоҷикистон ва Русия бо далели хуруҷи бемории коронавирус муваққатан қатъ шуда буд.
Баъди беш аз ду соли таваққуф, аз 30 августи соли 2022 ҳаракати қатораҳои мусофирбар байни Тоҷикистон-Русия-Тоҷикистон дубора барқарор шуд.
Гуфтан ба маврид аст, ки миёни Душанбе - Волгоград - Душанбе ҳоло ҳавопаймо мустақим парвоз намекунад ва қатора ягона васила сафари мустақим ба ин шаҳри Русия аст. Аммо он бо фарқ аз ҳавопаймо давоми ҳудуди се рӯз сарҳади Ӯзбекистон, Туркманистон, Қазоқистонро убур карда, ба Русия мерасад.
Глава ВТБ: Без мигрантов экономика России не будет дышать
В Таджикистане задержан мошенник: он обманул 42 человек, обещая им поездку в Саудовскую Аравию
Стратегия выживания: Таджикистан готовится к изменению климата
Путин призвал не допустить дестабилизации ситуации в СНГ
В Таджикистане подешевели лимоны и морковь, а мясо и молоко подорожали
Навстречу «Талибану». В России решили создать механизм исключения организаций из списка террористических
Таджикистан вслед за другими странами ЦА прекратил обслуживание карт UnionPay Газпромбанка
ООН: Каждые 10 минут в мире от рук партнера погибает женщина
Китай становится главным торговым партнером Таджикистана?
«Они не считали нас людьми». Депортированный таджикистанец рассказал, почему больше не поедет в Россию
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста