Омӯзгори яке аз мактабҳои шаҳри Ваҳдат даъво дорад, ки волидайни як хонанда баъди сарзаниши писарашон аз ҷониби вай, ӯро латтукӯб кардаанд. Ин омӯзгор ҳоло дар бемористон бистарӣ аст. Вазорати маориф ва илм мегӯяд, ҳодисаро таҳқиқ доранд.
Файзихон Раҷабова, омӯзгори фанни таърихи мактаби №8 шаҳри Ваҳдат бо нашри як муроҷиатнома ба унвонии Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душапнбе ва раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон дар “Фейсбук” навишт, ки як рӯз пеш аз “Рӯзи омӯзгорон” волидайни яке аз хонандагон бидуни иҷоза вориди синфхона шуда, ӯро дар пеши хонандагон латтукӯб кардаанд.
Муаллима сабаби чунин бархурди волидайнро сарзаниши фарзанди синфи 8-и онҳо барои халал расонадин дар ҷараёни дарс ва муроҷиати ӯ ба мудири мактаб аз болои ин хонанда унвон кард.
“...Ман ҳамчун омӯзгор хонандаро ба утоқи директори мактаб бурдам, то ки чорае бинанд, аммо директори мактаб ба назди ҷонишини мактаб равон карданд, арзи ман бе натиҷа монд. Дар натиҷа рӯзи 5-уми октябр аз тарафи волидайн чунин рафтори ваҳшиёна рух дод, ки ҳоло ман дар натиҷаи латукӯби зиёд дар беморхонаи шаҳри Ваҳдат бистарӣ шудам”, - навиштааст Файзихон Раҷабова.
Ин муаллима аз Рустами Эмомалӣ дархост кардааст, ки ин ҳодисаро таҳқиқ карда, нисбати гунаҳкорон чораҷӯӣ кунад.
Баъди нашри муроҷиатномаи Раҷабова, Вазорати маориф ва илми кишвар гуфт, ин масъала таҳти назорати вазири маориф ва гурӯҳи кории вазорат аст.
“Масъалаи мазкур пурра зери назорати вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, гурӯҳи кории вазорати маориф ва илм дар ҳамоҳангӣ бо мақомотҳои марбута дар доираи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ онро мавриди омӯзиш ва корбарӣ қарор медиҳад. аз натиҷаи фаъолияти гурӯҳи корӣ ва чораандешӣ нисбат ба ин масъала иловатан маълумоти муфассал пешниҳод карда мешавад”, - омадааст дар вокуниши ин ниҳод.
Бо ин вуҷуд вазорат гуфтааст, “ҳама гуна рафтору кирдореро, ки шаъну шараф ва мавқеи омӯзгорро дар ҷомеа паст менамояд, маҳкум мекунад”.
Аз ин ниҳод ба “Азия-Плюс” ваъда доданд, баъди зуҳри имрӯз, 7-уми октябр аз натиҷаи кори гуруҳи корӣ иттилоъ хоҳанд дод.
“Азия-Плюс” то ҳол натавонист назари Файзихон Раҷабова, директори мактаби №8, шуъбаи маорифи шаҳри Ваҳдат ва назикони хонандаро дар робита ба ин қазия дастрас кунад.
Бояд гуфт, ки бори аввал нест, ки омӯзгорон аз ҷониби хонандагон мавриди латукӯб қарор мегиранд. Чунин рафтори хонандагон дар ҷомеа сару садои зиёде ба миён оварда буд.
Аз ҷумла, моҳи сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе донишҷӯи соли дувуми Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Беҳзод Назарови 22-сола Тоҳир Султонов, омӯзгори донишгоҳро дашном ва латукӯб кард. Мақомот ӯро боздошт ва бар зиддаш барои авбошӣ парванда боз карданд.
Ҳамчунин, дар шаҳри Бохтар маъмурони пулис ду ҷавон - Қосим Достонов ва Исомиддин Воҳидзодаро бо иттиҳоми ҳамла ба омӯзгори мактаби №7 боздошт карданд. Боздоштшудагон дар долон омӯзгорро таҳқир ва латту кӯб карда, ба даъвати дигарон дар бораи таваққуф аҳамият надодаанд. Нисбати онҳо тибқи моддаи "авбошӣ" парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
Ёдовар мешавем, ки дар оғози соли таҳсили имсола Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқот бо кормандони соҳаи маориф ва донишҷӯён аз мушкилоти сершумори соҳаи маориф изҳори нигаронӣ намуда, зикр кардд, ки ба шарофати меҳнати садоқатмандонаи омӯзгорон наслҳое ба воя мерасанд, ки дар беҳбуди вазъи давлат ва беҳтар шудани сифати зиндагии мардум саҳм мегузоранд.
«Эҳтиром ба омӯзгор эҳтиром ба ояндаи миллат аст», - таъкид доштанд Сарвари давлат ва афзуд, ки омӯзгоронро бояд дастгирӣ намуда, мавқеъ ва нуфузи онҳоро дар ҷомеа афзоиш дод.
Ӯ ба ҳукумат дастур дода буд, ки лоиҳаи қонун «Дар бораи мақоми омӯзгор»-ро омода карда, ба парлумон пешниҳод кунад.
Мумии из Искодара. В Таджикистане нашли необычные захоронения
Что говорили власти России о мигрантах после "крокуса" и что говорят сейчас?
Для успешной борьбы со СПИДом необходимо защищать права каждого
Зеленский заявил о готовности заморозить войну с Россией в обмен на членство в НАТО
Какую погоду ожидать в Таджикистане в декабре?
В России с 1 декабря стартует эксперимент по сдаче биометрии иностранцами
Инновации в сельском хозяйстве и новые законы: президент провел заседание правительства
ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Мобильная связь под контролем МВД, пик рубля, нехватка воды в Нуреке и нерабочая горячая линия для мигрантов
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 30 ноября 2024 года
Планы Нозии и Мухаммадрофеъ «петь на радость поклонникам и служить стране»
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста