“Беасос боз кардани парвандаи ҷиноятӣ барои “лайк” дар интернет ва ҳамчун “далел ҳисобидани маводу наворҳои дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳнгардида” аз эродҳои Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон буд, ки рӯзи 29-уми октябр зимни маросими ифтитоҳи Муассисаи давлатии омодасозии кадрҳои баландихтисос ба мақомоти корҳои дохилии кишвар зикр гардид. Президент он замон гуфт, “ба ин амал бояд хотима дода шавад”.
Омили аслии интиқоди Эмомалӣ Раҳмон аз “беасос боз кардани парвандаи ҷиноятӣ барои “лайк” ва “далел ҳисобидани маводу наворҳои дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳнгардида” чӣ метавонад бошад? Дастури раиси ҷумҳурро чӣ гуна метавон иҷро ва вазъи интиқодшударо чӣ тавр метавон ислоҳ кард?
Дар парлумони кишвар касе ҳозир нашуд ба мо шарҳ диҳад, ки оё баъди интиқоди раиси ҷумҳур иқдомеро рӯйи даст хоҳанд гирифт ва барои ворид кардани тағйир ба ин меъёри қонун ташаббус нишон медиҳанд ё не. Аммо ҳуқуқшинос таъкид мекунад, ки дастури раиси ҷумҳур бояд иҷро ва меёъри марбутаи қонун тағйиру ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ карда шавад.
Гап сари чӣ меравад?
Дар Тоҷикистон моҳи июни соли 2018 бо ворид кардани тағйиру иловаҳо ба моддаи 307-и Кодекси ҷиноятӣ “сафедкунии оммавии терроризм” ва “даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон” тариқи интернет ҷурм эълон гардид. Барои ин кирдор аз 5 то 15 соли зиндон ҷазо пешбинӣ шудааст. Ин банди қонун миёни мардум бештар бо мафҳуми ҷазо барои “писандидан” (“лайк”) ва бознашр (“поделится”)-и матолиби мамнӯъи дар интернет нашр ва паҳншуда маъмул гардид.
Баъди ворид кардани ин тағйир ва илова ба қонун, мақомоти кишвар чандин нафарро барои писандидан ва бознашри матолиби мамнӯъ муттаҳам ва ба солҳои гуногун равонаи зиндон намуданд, ки боиси эътирози созмонҳои мудофеи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон гардид.
Дар ин замина, эроди Эмомалӣ Раҳмон аз “беасос боз кардани парвандаи ҷиноятӣ барои “лайк” дар интернет ва ҳамчун “далел ҳисобидани маводу наворҳои дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳнгардида” дар ҷомеа чун паёме аз поён додан ба ифтитоҳи парванда барои “лайк ва бознашр”-и маводи дар интернет нашру паҳнгардида фаҳмида шуд.
Сабаби интиқоди раиси ҷумҳур чист?
Ранжет Ятимов, ҳуқуқшиноси тоҷик се омили эҳтимолии интиқоди Эмомалӣ Раҳмон аз кори мақомот дар самти беасос боз кардани парвандаҳо барои “писандидан” ва истифодаи маводу наворҳои интернетӣ ҳамчун далелро зикр мекунад
“Якум, нигоҳ доштани обрӯи кишвар аст. Тоҷикистон, ҳамчун як кишвари узви созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсон, принсипҳои озодии баён ва ҳуқуқи шаҳрвандон бояд риоя кунад. Боздошту таъқиб барои ибрози ақида ба обрӯи кишвар дар арсаи байналмилалӣ метавонад зарар расонад.
Дуввум, норозигии ҷомеа. Афзоиши шумораи боздошту парвандаҳои ҷиноятӣ барои “лайк” ва постҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ, метавонад норозигии ҷомеа ва фикру андешаҳои манфӣ нисбат ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқро зиёд кунад. Роҳбари кишвар, шояд қарор дод, ки барои бештар шудани эътимод ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва судӣ чораҳо андешида шавад.
Сеюм, номутобиқ будани санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ ва зарурати татбиқи он. Интихобан ва субъективона муносибат кардан ба “лайкҳо” ва постҳои интернетӣ ба тафсири васеи қонунгузорӣ оварда расонд. Эҳтимол, раиси ҷумуҳур ба зарурати дақиқ кардани меъёрҳои қонунгузорӣ ишора намудааст”, - гуфт Ранжет Ятимов.
Баъди интиқод ва дастури Эмомалӣ Раҳмон оё вазъ тағйир меёбад?
Мо талош кардем ба ин савол аз парлумони кишвар – ниҳоде, ки салоҳияти ворид кардани тағйир ба қонунро дорад посух дарёфт кунем, аммо мутаассифона кӯшишҳои мо бенатиҷа анҷомид. Касе аз вакилони парлумон, мушаххасан ба ин саволи посух надод ва ҳам нагуфт, ки баъди интиқоду дастури раиси ҷумҳур кадом як ташаббусеро рӯйи даст доранд ё не.
Танҳо Мавлудахон Мирзозода, муовини раиси Кумита оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон дар парлумони Тоҷикистон кӯтоҳ гуфт, ки “ҳангоми бо ҳукми суд норозӣ будан маҳкумшудагон метавонанд бо шикояти кассатсионӣ ё назоратӣ ба судҳои болоӣ муроҷиат намоянд ва судҳои болоӣ асоснок ва қонунӣ будани ҳукмҳоро месанҷанд”.
“Мақомоти тафтишоти пешакӣ низ вобаста ба қонунӣ ва асоснок оғоз намудани парвандаи ҷиноятӣ диққати ҷиддӣ диҳанд, агар нисбати шаҳрванд парванда беасос оғоз шуда бошад, он тибқи талаботи моддаи 27-и қонунгузории мурофиавӣ бояд қатъ карда шавад. Ва ё агар дар мақомоти судӣ баррасӣ шуда бошад ва кирдори шаҳрванд ҷиноятӣ набошад, сафед карда мешавад ва агар кирдор асоснок бошад, нисбати ӯ ҳукми судӣ бароварда мешавад”, - таъкид кард Мирзозода.
“Дастури Эмомалӣ Раҳмон бояд ҳатман иҷро шавад”
Ранжет Ятимов мегӯяд, супориши раиси ҷумҳур ҳатман бояд иҷро шавад ва ин ҷойи баҳс надорад.
“Интизори он ҳастем, ки баъди дастури раиси ҷумҳур, ифтитоҳи парвандаҳои беасос кам мешавад ва таъқиб барои “писандидан” қатъ мегардад”, - мегӯяд Ранжет Ятимов.
Ӯ зикр мекунад, ки роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва судӣ вазифадоранд, ки дар баррасии чунин қазияҳо бодиққат бошанд ва санадҳои меъёриву ҳуқуқии байналмилалиро низ ба инобат гиранд. Барои ин, ба қавли ҳуқуқшинос, “бояд донишу малакаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар бораи ҳуқуқи инсон ва озодии баён такмил дода шавад”.
Дар ҳамин ҳол, Ранжет Ятимов таъкид мекунад, ки тағйири вазъ бидуни ислоҳоти қонунгузорӣ ғайриимкон аст.
“Қонунгузорӣ дар мавриди таъқиби шаҳрвандон барои постҳо ё “лайкҳо” метавонад хеле васеъ ва номаълум бошад. Ин боиси тафсири субъективии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мегардад. Тағйироти мушаххас дар қонунгузорӣ ва дақиқ кардани меъёрҳо мувофиқи меъёрҳои байналмилалӣ ба тағйир додани вазъият метавонад кумак кунад”, - мегӯяд Ранжет Ятимов.
Дар акси ҳол, “имкони идомаи боздошту таъқиб бо сабабҳои беасос ҳамоно боқӣ мемонад”.
Бояд гуфт, дар Тоҷикистон ғайр аз моддаи 307 ва тағйиру иловаҳо ба он, ҳамчунин чандин моддаи дигари қонун барои фаъолияти террористиву экстремистӣ, сафедкунӣ ва ташвиқу тарғиби он дар интернет ҷазо пешбинӣ кардааст. Бо моддаҳое, ки дар Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазо барои ин амалҳоро пешбинӣ мекунанд, инҷо метавонед шинос шавед.
В Душанбе обсудили сотрудничество Таджикистана и Южной Кореи в сфере минеральных ресурсов
Лидер захватившей в Сирии власть группировки вернул родителям конфискованную квартиру в Дамаске
Рейтинг безопасности. Кто его составляет, и насколько ему можно доверять?
Таджикистан ускорит согласование документов по миграции во время председательства в СНГ
Новый год с заботой о здоровье: выбираем новогодние подарки для детей
Что будет с Сирией? Все сценарии развития событий
Международный банк Таджикистана: 7 раз лучший по версии Visa
Музей Садриддина Айни в Узбекистане включён в реестр туристических объектов Бухары
Meta пожертвовала миллион долларов на инаугурацию Трампа
ЧМ-2034 пройдет в Саудовской Аравии. Что стоит за решением ФИФА?
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста