Имрӯз, 4-уми август, мурофиаи додгоҳии 19 гумонбар дар парвандаи ҳамлаи террористӣ ба толори консерти "Крокус Сити Холл"-и канораи Маскав оғоз мешавад.
Ин парванда дар бинои Додгоҳи шаҳри Маскав аз ҷониби Додгоҳи ҳарбии ҳавзаи дуюми ғарбӣ баррасӣ хоҳад шуд.
Ҷаласаи аввал ба таври ошкор баргузор мегардад, аммо раванди минбаъдаи мурофиа аз расонаҳо ва омма пинҳон нигоҳ дошта мешавад, зеро ба қавли мақомоти Русия, дар маводи парванда маълумоти махфӣ мавҷуд аст.
Илова бар ин, ифшои баъзе маълумот дар ҷаласаи ошкор метавонад ба таҳқиқот нисбат ба афроде, ки дар ҷустуҷӯ қарор доранд, халал расонад, менависад ТАСС.
19 нафар дар баробари додгоҳ қарор гирифтанд: чаҳор нафар ҳамчун иҷрокунандагони эҳтимолӣ ва 15 нафар бо иттиҳоми ҳамдастӣ.
Дар миёни онҳо иҷорадеҳон, ронандагон, таъминкунандагони силоҳ ва миёнаравони молиявӣ ҳастанд.
Мақомоти тафтишоти Русия бар ин бовар аст, ки пушти ҳамла гурӯҳи террористии “Давлати Исломӣ — Вилоят Хуросон”* қарор дорад, ки гӯё “ба манфиати хадамоти махсуси Украина” амал кардааст. Ташкилкунандагони ҳамла то ҳол муайян нашудаанд.
Гумонбарони асосии парванда шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд: Далерҷон Мирзоев, Саидакрами Радҷабализода, Фаридуни Шамсидин ва Муҳаммадсобир Файзов. Мақомоти тафтишотӣ иддао мекунад, ки маҳз онҳо дар “Крокус” тирпарронӣ кардаанд, ба толор даромадаанд, оташ задаанд ва сипас фирор кардаанд.
Тибқи маълумоти тафтишот калонсолтарини айбдоршаванда қаблан дар таксӣ кор мекард, боқимондаҳо дар сохтмон, завод ва сартарошхона фаъолият доштанд.
Ҷавонтарин айбдоршаванда, Файзов 20 сол дорад. Гуфта мешавад, ки бародари ӯ миёнарав байни ташкилкунандагон ва иҷрокунандагон буда, эҳтимолан ҳоло дар Туркия паноҳ бурдааст. Файзов қаблан ҳамчун сартарош фаъолият дошт.
Наздикону пайвандон ва ҳамсояву омӯзгорони ҳамаи гумонбарон дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфтанд, бовар надоранд, ки Муҳаммадсобир Файзов, Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода ва Фариддуни Шамсиддин ҳамлаи террористӣ анҷом дода, даҳҳо нафарро кушта бошад.
Дар бораи ҷузъиёти ҳодиса ва бо гузашти як сол чӣ тағйирот дар он сурат гирифт, дар ин пайванд хонед.
*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ дониста мешавад.





«Горы нужны людям, чтобы стать человеком». Таджикистанцы признаются в любви к горам
В Крыму нашли и опознали останки морского пехотинца из Таджикистана, пропавшего в 1941 году
Афиша от «Азия-Плюс»: Tarona Music Award, Новогодняя ярмарка и вечер живой музыки с Собиром Аминовым
В Эр-Рияде обсудили привлечение инвестиций для Рогунской ГЭС
Минздрав: в Таджикистане циркулирует «гонконгский» грипп, но поводов для тревоги нет
США за год выслали и вынудили покинуть страну 2,5 млн нелегальных мигрантов
Топ-25 самых дорогих футбольных лиг Азии: обновленный рейтинг 2025 года
Узбекистанку суд в Москве приговорил к 15 годам за финансирование терроризма
В Душанбе задержали организованную группу, причастную к 11 тяжким преступлениям, включая убийство
Угольная пыль вместо угля. Таджикский уголь – плохой, а кыргызский – дорогой
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста