Раҳбарияти ширкати давлатии ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» назди худ мақсад гузоштааст, ки парвози ҳавопаймоҳи тариқи хатсайри Душанбе-Хоруғ-Душанберо барқарор намояд.
«Бо супориши ҳукумати ҷумҳурӣ мо дар ин самт фаъолона кор карда истодаем. Мо назди худ мақсад гузоштаем, ки парвози ҳавопаймоҳо бо ин хатсайрро ҳарчи зудтар барқарор созем», - хабар доданд ба «Азия-Плюс» аз ҶСК «Тоҷик Эйр».
Дар ширкати ҳавопаймоӣ зикр карданд, ки Хоруғ яке аз самтҳои аз нигоҳи стратегӣ муҳим ба шумор меравад.
«Мо инро ба хубӣ дарк мекунем ва ҳаллу фасли мусбати ин масъала айни замон ба омодагии техникии ҳавопаймои АН-28 вобаста аст. Ин масъалаи молиявӣ буда, албатта бояд роҳи ҳалли худро пайдо кунад, вале барои мо таъмини бехатарии парвозҳо ба ин самт низ муҳим аст», - гуфт манбаъ.
Қобили зикр аст, ки аввали моҳи октябри соли гузашта ширкати «Тоҷик Эйр» парвози ҳавопаймоҳо бо хатсайри Душанбе - Хоруғ - Душанберо муваққатан боздошта, сабаби онро анҷом додани корҳои зарурии техникӣ дар ҳавопаймои Ан-28 унвон кард.
Ҳамчунин мебояд гуфт, ахиран ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» парвозҳо бо хатсайри Душанбе - Хоруғ - Душанберо тариқи ягона ҳавопаймоҳои боқимонадаи АН-28 анҷом медиҳад, ки барои ин иҷозатномаи дахлдор дорад. Дигар навъҳои ҳавопаймоҳои ширкат бо сабаби релйефи душвори кӯҳистон чунин парозҳоро анҷом дода наметавонанд.
Файзулло Сатторов, муовини директори генералии ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» соли гузашта ба рӯзноманигорон дар ин робита изҳор намуда буд, ки парвози ҳавопаймоҳо бо хатсайри Душанбе - Хоруғ яке аз душвортарин дар ҷаҳон аст
«Сарфи назар аз ин душвориҳо, аз нигоҳи иқтисодӣ ин хатсайр даромад наоварда, зиёновар аст. Ба ҷуз ду ҳавопаймои навъи Ан-28, мо дигар ҳавопаймоҳоро дар ин самт истифода бурда наметавонем», - иброз дошта буд номбурда.