Баррасии дурнамои ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон бо кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО) дар Душанбе ба нақша гирифта шудааст, ки дар он намояндагони Русия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон иштирок мекунанд.
Рӯзи 4 апрел дар Душанбе таҳти унвони «Иқтисоди имконоти нав. Дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо кишварҳои Лоиҳаи авруосиёии ҳамгиройӣ» мизи гирди байнулмилалӣ баргузор мешавад.
Тавре созмондиҳандагони чорабинӣ иттилоъ доданд, барои баррасии мушкилоти муҳиму рӯзмарраи ҳамкории Тоҷикистон бо кишварҳои ИИАО кормандони мақомоти давлатӣ, Комиссияи иқтисодии авруосиёӣ, дипломатҳо, намояндагони доираҳои тиҷоратӣ, коршинсон ва расонаҳои хабарии Тоҷикистону Русия, Қирғизистону Қазоқистон ва дигар кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ даъват шудаанд.
Ҳадаф аз баргузории чорабинӣ ошкор сохтани қонуниятҳои асосии раванди ҳамгиройӣ, ихтилофҳои монеъшаванда ба ин ҷараён, таҳияи тавсияҳои зарурӣ оид ба беҳтар кардани иқдомоти ҳамкориҳои кишварҳо унвон мешавад.
Дар доираи кори мизи гирд баррасии масоили муҳим ва дурнамои рушди ҳамгиройии авруосиёӣ, аз ҷумла натиҷаи таҳқиқот дар самтҳои зерин: равандҳои ҳамгиройӣ дар Осиёи Марказӣ ва таъсири онҳо ба ташаккули вазъи сиёсӣ ва иҷтимоӣ-иқтисодии минтақа; муносибатҳои Тоҷикистону Русия дар бахши тиҷорату иқтисод дар ҳошияи рушди ҷараёнҳои ҳамгиройӣ; танзими масъалаҳои муҳоҷирату иқтисод ва техникӣ дар ИИАО ва таъсири онҳо ба иқтисоди кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ҳамкории байни минтақаҳо ва равандҳои ҳамгиройӣ: таъсири мутақобила ва дурнамо дар назар аст.
Чанде қабл директори Маркази таҳқиқоти ҳамгиройии Бонки авруосиёии рушд Евгений Винокуров дар мусоҳиба ба «Известия» изҳор дошта буд, ки ягона номзад ба узвият дар Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО) Тоҷикистон мебошад.
«Ин ҷо ҷанбаи ҷиддии иқтисодӣ вуҷуд дорад, ки ба ҷараёнҳои савдо ва сармоягузорӣ ва пеш аз ҳама ба интиқоли маблағҳо аз ҷониби муҳоҷирони корӣ марбут аст, - гуфт ӯ. - Ҳаҷми интиқоли маблағҳои муҳоҷирони корӣ асосан аз Русия ва ба миқдори начандон зиёд аз Қазоқистон аз 30 то 40%-и ММД-и Тоҷикистонро ташкил медиҳанд ва аз ин рӯ, барои узвияти ва аз ин рӯ, барои узвияти Тоҷикистон ба ИИАО сабабҳои иқтисодӣ мавҷуданд».
Дар ҳамин ҳол, сохторҳои дахлдори Тоҷикистон дар ин робита изҳор мекунанд, ки бо таваҷҷуҳи зиёд таҷрибаи узвияти Қирғизистону Арманистон ба ин Иттиҳодро мавриди омӯзиш қарор додаанд.
Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода зимни нишасти хабарии охири моҳи январ дар ин робита изҳор намуда буд, ки масъалаи узвияти имконпазири Тоҷикистон ба ин Иттиҳод дар марҳилаи омӯзиш қарор дорад.
«Мо дар ин бора чандин маротиба изҳори назар кардем, - гуфт ӯ. - Ин ҷараёни мароқангез аст, зеро тайи солҳои ахир Арманистону Қирғизистон ба ин Иттиҳод шомил шуда, таҷрибаи онҳо барои Тоҷикистон хеле муфид аст ва айни замон мо ҷанбаҳои омӯзиши ин масъаларо васеъ кардем».