Директори Маркази таҳқиқоти ҳамгиройии Бонки авруосиёии рушд Евгений Винокуров дар мусоҳиба ба «Известия» изҳор доштааст, ки ягона номзад ба узвият дар Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО) Тоҷикистон мебошад.
«Ин ҷо ҷанбаи ҷиддии иқтисодӣ вуҷуд дорад, ки ба ҷараёнҳои савдо ва сармоягузорӣ ва пеш аз ҳама ба интиқоли маблағҳо аз ҷониби муҳоҷирони корӣ марбут аст, - гуфтааст ӯ. - Ҳаҷми интиқоли маблағҳои муҳоҷирони корӣ асосан аз Русия ва ба миқдори начандон зиёд аз Қазоқистон аз 30 то 40%-и ММД-и Тоҷикистонро ташкил медиҳанд ва аз ин рӯ, барои узвияти Тоҷикистон ба ИИАО сабабҳои иқтисодӣ мавҷуданд».
Ӯ зикр кардааст, ки масъалаи узвияти имконпазири Тоҷикистон ба Иттиҳод тайи ду соли охир дар сатҳи гурӯҳи корӣ баррасӣ шуда, сипас ба сатҳи ҳукумати Тоҷикистон гузашт.
«Вале алҳол на аз ҷониби худи Тоҷикистон ва на аз ҷониби Русияву Қазоқистон дар ин масъала шитобкорӣ нест ва ба назари ман ин кори дуруст аст, зеро ин масъала бояд худаш пухта расад, - қайд кардааст номбурда. - Дархост барои узвият бояд аз ҷониби худи Тоҷикистон пешниҳод шавад ва ин ҷо хубтар аст, ки масъала дар сатҳи сирф иқтисодӣ матраҳ гардида, ба сатҳи сиёсӣ нагузарад».
Винокуров ҳамчунин таъкид доштааст, ки сатҳи дастгирии ҷамъиятии ҳамгиройии авруосиёӣ дар Тоҷикистон ҳудуди 70%-ро ташкил дода, дастгирии умумӣ миёни кишварҳои узви Иттиҳод бошад, дар сатҳи 65% қарор дорад.
Дар ҳамин ҳол, сохторҳои дахлдори Тоҷикистон дар ин робита изҳор мекунанд, ки бо таваҷҷуҳи зиёд таҷрибаи узвияти Қирғизистону Арманистон ба ин Иттиҳодро мавриди омӯзиш қарор додаанд.
Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода зимни нишасти хабарии охири моҳи январ дар ин робита изҳор намуда буд, ки масъалаи узвияти имконпазири Тоҷикистон ба ин Иттиҳод дар марҳилаи омӯзиш қарор дорад.
«Мо дар ин бора чандин маротиба изҳори назар кардем, - гуфт ӯ. - Ин ҷараёни мароқангез аст, зеро тайи солҳои ахир Арманистону Қирғизистон ба ин Иттиҳод шомил шуда, таҷрибаи онҳо барои Тоҷикистон хеле муфид аст ва айни замон мо ҷанбаҳои омӯзиши ин масъаларо васеъ кардем».
Қаблан дар Хадамоти гумруки назди ҳукумати Тоҷикистон зикр карда буданд, ки пеш аз пайвастан ба ин ё он иттиҳоду созмон, пешакӣ шарту шароит ва қоидаҳои мавҷуда дар онро омӯхтан зарур аст.
«Мо бояд донем, ки ба ин бозори ягона чӣ гуна маҳсулот пешниҳод карда метавонем. Масалан, ба мутобиқати маҳсулоти кишоварзиамон ба меъёрҳои ин бозор айни замон шубҳа дорам, яъне мо алҳол ба пешниҳоди маҳсулоти ҷавобгӯи меъёрҳои ин Иттиҳод омода нестем», - гуфта буд Муовини аввали сардори Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҶТ Абдураҳмон Каримзода.
Қобили зикр аст, ки кишварҳои Арманистон, Беларус, Қазоқистон ва Русия аъзои ИИАО мебошанд. Санаи 21 майи соли гузашта Қирғизистон ба узвияти он пазируфта шуда, санаи 25 май Ветнам ба минтақаи савдои озод бо кишварҳои ин Иттиҳод ҳамроҳ шуд.