Нахустин намоишгоҳ-ярмаркаи маҳслоти саноатии корхонаҳои Ӯзбекистон дар Тоҷикистон рӯзҳои 17-21 апрел дар маркази савдои «Пойтахт-90»-и шаҳри Душанбе доир мегардад.
Тавре аз дафтари матбуоти Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон хабар доданд, чорабинии мазкур аз ҷониби Палатаҳои савдо ва саноати Тоҷикистону Ӯзбекистон ва ширкати «Узэспоцентр»-и Ӯзбекистон, инчунин бо дастгирии расмии ҳукуматҳои кишварҳо ва Вазорати робитаҳои иқтисодии хориҷӣ, сармоягузорӣ ва савдои кишвари ҳамсоя созмон дода мешавад.
Дар намоиш-ярмарка маҷмӯи васеи маҳсулоти саноатӣ, аз ҷумла маҳсулоти корхонаҳои мошинсозӣ, индустрияи кимиё, саноати сабук, дорусозӣ, корхонаҳои истеҳсоли дастгоҳу таҷҳизоти барқӣ, маводи ғизойӣ, масолеҳи сохтмон, техникаи кишоварзӣ,таҷҳизоти маишӣ, сарулибоси махсус ва ғайра ба маърази тамошо гузошта хоҳанд шуд, ки ба тамоми меъёрҳои байнулмилалӣ ҷавобгӯ мебошанд.
Гуфта мешавад, дар ҷараёни кори намоиш соҳибкорони тоҷик имкон пайдо мекунанд, ки бо маҳсулоти гуногуни корхонаҳои кишвари ҳамсоя аз наздик шинос шуда, бевосита аз намояндагони ширкатҳо доир ба самтҳои истифодаи онҳо машваратҳои судманд гиранд ва ҳамчунин баҳри рушди тиҷорати худ маҳсулоти дилхоҳ интихоб намоянд.
Ҳадафи асосии чорабинӣ рушди муносибатҳои дуҷонибаи тиҷоративу иқтисодӣ ва илмиву техникӣ бар асоси баробарӣ ва манфиати тарафайн, таъсиси корхонаҳои муштарак, дарёфти шарикон, ҷалби сармояву технологияҳои муосир, афзоиши ҳаҷми муомилоти моли дуҷониба, ноил гардидан ба беҳбуди сатҳи некӯаҳволии мардуми ҳарду кишвар ва ғайра унвон шудааст.