Вакилони палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон тағийроту илова ба қонун «Дар бораи Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2017»-ро ҷонибдорӣ намуданд, ки ба масъалаи коҳиши меъёри андозбандӣ ба воридоти маснӯоти заргарӣ ба кишвар дахл доранд.

Зимни суханронӣ назди вакилон доир ба ин масъала муовини вазири молияи Тоҷикистон Меҳринамоҳ Ҷонмаҳмадова изҳор дошт, ки муҳлати амали тағйироти соли гузашта қабулшуда ба қонунгузорӣ ба сифати озмоиш дар давраи аз моҳи июни соли 2016 то моҳи июни соли 2017, ки мувофиқи он маснӯоти заргарии аз кишварҳои хориҷӣ воридшуда ба ҷумҳурӣ аз андоз аз арзиши илова, аксиз ва боҷи гумрукӣ озод шуданд, то охири соли 2017 дароз карда шуд.

Муовини вазир иттилоъ дод, ки ҳаҷми андозу боҷҳо то қабули тағйирот дар моҳи июни соли гузашта аз 40 то 42 фоиз аз арзиши умумии маснӯот аз тилло ва нуқраи ба кишвар воридшударо ташкил медод.

«Озмоиш ба пешгирии қочоқи маснӯоти заргарӣ, муомилоти коррупсионӣ, ҳимояи бозор аз маҳсулоти пастсифати заргарӣ ва аз байн бурдани бозорҳои пасипардагии фурӯши ҷавоҳирот роҳандозӣ шуда буд», - хотиррасон намуд Ҷонмаҳмадова.

Ҳамчунин ёдрас шуд, ки тӯли 9 моҳи соли 2015 танҳо тариқи хатсайри мустақими ҳавоӣ аз Туркия ба Тоҷикистон беш аз 700 кило маснӯоти заргарӣ ворид шудааст, ки воридоти ҳамагӣ 15 килояш бо роҳи қонунӣ, яъне пардохти ҳамаи андозу боҷҳо сурат гирифта, зиёни мустақими ба давлат расида аз ин амал ҳудуди 6 млн. доллари ИМА-ро ташкил дода буд.

Қобили зикр аст, ки зиёда аз 97,5% фоизи бозори хариду фурӯши маснӯоти заргарии Тоҷикистон дар ихтиёри истеҳсолкунандандагони кишварҳои хориҷӣ аст.

«Мутобиқи тағйироти қабулшуда дар моҳи июни соли 2016, воридкунандагони маснӯоти заргарӣ ба ивази андозу боҷҳои зикршуда боҷи ягонаи махсуси гумрукиро пардохт карданд, ки ҳаҷми он барои воридоти 1 грамм маснӯоти тилло - 18 сомонӣ ва 1 грамм маснӯот аз нуқра - 3,6 сомониро ташкил медиҳад», - қайд кард муовини вазир.

Номбурда таъкид дошт, ки соли охир аз хориҷи кишвар ба Тоҷикистон беш аз 1 тоннаву 60 кило маснӯоти заргарӣ ворид шуда, аз ин ҳисоб ба буҷети кишвар ҳудуди 7 млн. сомонӣ маблағ ворид шудааст, ки ба маблағи маснӯоти заргарии давоми панҷ соли пешина воридгардида баробар аст.