Ҳудуди 14%-и нерӯи барқи моҳи июл дар Тоҷикистон истеҳсолшуда ба кишварҳои ҳамсоя интиқол дода шуд. Дар ин бора дар гузориши моҳи августи «Мониторинг ва огоҳии барвақтӣ дар Тоҷикистон» маълумот дода мешавад.

«Моҳи июли соли 2017 аз нерӯгоҳҳои барқи обии «Сангтӯда-1» ва «Сангтӯда-2» тариқи шабакаҳои 220 кВ ва 110 кВ ба Афғонистон - 205,2 млн. кВт/соат (23,6 млн. кВт/соат камтар нисбат ба моҳи июли соли 2016) ва ба Қирғизистон - 13,6 млн. кВт/соат(1,3 млн. кВт/соат бештар нисбат ба ҳамин давраи пешин) нерӯи барқ интиқол дода шуд», - қайд мешавад дар гузориш.

Зикр мегардад, ки ҳаҷми нерӯи барқи содиротшуда 13,5% аз ҳаҷми умумии нерӯи барқи дар ҷумҳурӣ истеҳсолшударо ташкил медиҳад.

Дар гузориш бо истинод ба ширкати «Барқи тоҷик» зикр мегардад, ки моҳи июли соли равон ҳаҷми умумии истеҳсоли нерӯи барқ дар Тоҷикистон 1 млрд. 607 млн. кВт/соат ё худ 51,8 млн. кВт/соат дар як шабонарӯзро ташкил додааст.

«Дар муқоиса бо моҳи июн истеҳсоли барқ дар моҳи июли соли 2017 ба андозаи 1,8% афзудааст. Нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта истеҳсоли барқ дар моҳи июли соли ҷорӣ 33 млн. кВт/соат камтар шуда, вале нисбат ба солҳои пешин зиёдтар мебошад, ки ба мавриди баҳрбардорӣ қарор гирифтани Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе-2» ва агрегати дуюми нерӯгоҳи «Сангтӯда-2» вобаста аст», - таъкид мешавад дар гузориш.

Дар ҳамин ҳол, истифодаи умумии нерӯи барқ дар моҳи июли соли равон 1 млрд. 403 млн. кВт/соатро ташкил додааст, ки нисбат ба моҳи июн 7,6% бештар аст. «Дар қиёс бо ҳамин давраи соли пешин моҳи июли соли 2017 истифодаи барқ 1,0 млн. кВт/соат зиёдтар мебошад», - зикр мегардад дар гузориш.