Ҳукумати Тоҷикистон ба палатаи поёнии парлумон пешниҳод кардааст, ки воридоти таҷҳизот ба ҷумҳурӣ барои корхонаи «Тоҷикаэронавигатсия» аз андоз аз арзиши иловашуда (ААИ) ва боҷи гумрукӣ озод карда шавад.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз палатаи поёнии парлумони кишвар хабар дод, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон ният дорад, ки бо пешниҳоди ҳукумат ба нишондиҳандаҳои буҷети давлатии соли 2017 тағйирот ворид намояд.

Ин дафъа ҳукумат аз парлумон дархост намудааст, ки воридоти таҷҳизоти муосири радиоэлектронӣ ба кишвар барои эҳтиёҷоти КВД «Тоҷикаэронавигатсия» аз ААИ ва боҷи гумрукӣ озод карда шавад.

Номгӯи таҷҳизоте, ки бояд давоми сол ворид гардад, аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон тасдиқ шуда, техника аз ҳисоби воситаҳои «Тоҷикаэронавигатсия» харидорӣ мешавад.

Ҳаҷми маблағе, ки буҷети кишвар аз ситонидани маблағи андоз аз арзиши изофа ва боҷи гумирукӣ аз ин воридот аз даст медиҳад, маълум нест.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.