Ширкати алюминии тоҷик (ТАЛКО) солҳои наздик ҳаҷми истеҳсоли алюминийро то ба 1 млн. тонна расониданист. Барои амалӣ сохтани ин мақсад ширкат аллакай соли 2018 ба сохтмони корхонаи нав ва ҳамчунин таҷдиди корхонаи амалкунанда оғоз мекунад.
Роҳбари департаменти иттилоотиву таҳлилии ТАЛКО Игор Сатторов имрӯз зимни брифинг дар Душанбе изҳор дошт, ки қарордоди сохтмони корхонаи нав дар қаламрави ТАЛКО бо ширкати Yunnan зимни сафари охири Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Чин ба ҳосил шуда буд.
Ба гуфтаи ӯ, ширкати чинӣ аллакай пешакӣ заминаи техникиву иқтисодиро омода карда, айни замон ба таҳияи лоиҳа машғул аст.
Иқтидори истеҳсолии корхонаи нав 503 ҳазор тонна алюминии аввалия дар як солро ташкил дода, ҳамчунин коргоҳҳои рехтагарӣ (800 ҳазор тонна) ва анодӣ (300 ҳазор тонна) низ ба сохтори он дохил мешаванд.
«Чунин корхонаҳо, ки дар он аз технология муосиртарин барои имрӯз истифода шудааст, соли 2017 танҳо се адад дар Чин сохта мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст», - гуфт ӯ.
Нархи сохтмони корхона 1,6 млрд. доллар арзёбӣ шуда, бунёди он соли оянда оғоз ва муҳлати сохтмон - якуним сол муқаррар шудааст.
«Корхонаи нави алюминий ба муҳайё кардани 1,1 ҳазор ҷойи кории нав бо маоши баланд дар шароити имрӯзаи Тоҷикистон имкон дода, ваннаҳо (зарфҳо)-и электролизии корхонаи нав ба сарфаи миқдори зиёди нерӯи барқ ва навъҳои асосии ашёи хом: гилхок, криолит, алюминии фтористӣ ва ҳамчунин анод шароит фароҳам меоранд», - қайд кард Сатторов.
Ҳамзамон бо корхонаи нав корхонаи амалкунанда низ фаъолият хоҳад кард, ки иқтидори истеҳсолиаш 517 ҳазор тонна алюминий дар як сол мебошад.
Номбурда таъкид дошт, ки соли оянда «ТАЛКО нияти қатъӣ дорад, ки ба амалисозии барномаи давра ба давра пурра азнавсозии истеҳсоли алюминий ва гузаштани он ба технологияҳои нави муосир оғоз намояд».
«Дар дурнамо мо ба истеҳсоли 1 млн. тонна алюминий ноил гардиданием. Барои ин ширкат имконоти зарурӣ дорад, ки бо қарордодҳо ҳам дар саҳти ширкатҳои шарик ва ҳам сатҳи байнидавлатӣ тасдиқ шудааст», - афзуд намояндаи ширкат.
Қобили зикр аст, ки тӯли 9 моҳи соли равон дар ширкати ТАЛКО 76 ҳазор тонна алюминии аввалия истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 27 ҳазор тонна камтар аст.
Главы МИД Таджикистана и Китая обсудили договоренности лидеров двух стран
"Озоди": "Боим" экстрадирован в Таджикистан из Турции, куда уехал после 14 лет отсидки в России
Разложение мозга. Оксфордский словарь назвал слово 2024 года
Спецпредставитель ЕС: «Молодежи Таджикистана нужны образование и рабочие места»
Smartup: инновационные технологии для дистрибьюторов Таджикистана
На трассе Хорог-Шугнан-Ишкашим машина упала в реку, водителя ищут
Кэш Патель выдвинут Трампом на пост директора ФБР. Что о нем известно?
Таджикистан может стать лидером в производстве сурьмы
Трамп пригрозил странам БРИКС пошлинами в 100%, если они откажутся от доллара
Боксер из Таджикистана Асрор Вохидов победил узбекистанца в Екатеринбурге
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста