Соли гузашта Тоҷикистон ба маблағи беш аз 203 млн. доллар наздики 103 ҳазор тонна алюминий ба хориҷи кишвар содирот намуд, хабар медиҳад Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҷумҳурӣ.
Соли гузашта нархи 1 тонна алюминий дар бозори ҷаҳонӣ ба ҳисоби миёна 1 ҳазору 970 доллари ИМА-ро ташкил дод.
Бино ба маълумоти Хадамоти гумрук, соли пешин аз Тоҷикистон бо нархи миёнаи 1 ҳазору 590 доллар барои 1 тонна қариб 132 ҳазор тонна алюминий ва маснӯот аз он содирот шуда, мутаносибан даромад аз фурӯши он ба ҳудуди 210 млн. доллар расида буд.
Қаблан Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ хабар дода буд, ки Ширкати алюминии тоҷик (ТАЛКО) тӯли 9 моҳи соли равон нисбат ба ҳамин давраи соли 2016 ҳаҷми истеҳсоли алюминийро қариб ба миқдори 23 фоиз кам кард.
«Тӯли 10 моҳи соли 2017 дар корхона ба маблағи умумии 330,4 млн. сомонӣ 85,6 ҳазор тонна (ҳамин давраи соли 2016 - беш аз 110 ҳазор тонна) маҳсулот истеҳсол шудааст», - иттилоъ дода буд Вазорати саноат ва технолгияҳои нави ҶТ.
Коҳишёбии назарраси ҷараёни истеҳсолоти алюминий дар Тоҷикистон аз моҳи ноябри соли 2016 оғоз гардида, сабаби аслии коҳиши истеҳсоли онро дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба садамаи рухдода дар шабакаҳои барқи кишвар, ки бар асари он ваннаҳои электролизии ТАЛКО кор баромада буданд, нисбат медиҳанд.
Зиёни иқтисодии Ширкати алюминии тоҷикро аз ин садама Вазорат тақрибан 8 млн. доллар арзёбӣ карда буд.
Дар ТАЛКО изҳор дошта буданд, ки имрӯз ҳам ба роҳандозӣ намудани кори 98 адад ваннаҳои электролизии иловагӣ имкон доранд. Лекин раҳбарияти ширкат корҳои васлу насб ва мавриди амал қарор додани электролизерҳоро то моҳи феврали соли оянда мавқуф гузоштааст ва қаблан дар ин робита изҳор намуда буд, ки ба ин васила нерӯи барқро дар кишвар сарфа мекунад:
«Ин иқдомро ба сифати саҳми мушаххаси кормандони ширкат ба хотири дастгирӣ аз даъвати сарвари давлат ба аҳолӣ ҷиҳати рӯйи кор гирифтани тадбирҳои ҳамаҷониба барои сарфаи нерӯи барқ дар мавсими имсолаи тирамоҳу зимистон арзёбӣ мекунем».
Қобили зикр аст, ки Ширкати алюминии тоҷик истеъмолгари асосии нерӯи барқи дар кишвар истеҳсолшуда ба шумор меравад.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.
Разложение могзга. Оксфордский словарь назвал слово 2024 года
Спецпредставитель ЕС: «Молодежи Таджикистана нужны образование и рабочие места»
Smartup: инновационные технологии для дистрибьюторов Таджикистана
На трассе Хорог-Шугнан-Ишкашим машина упала в реку, водителя ищут
Кэш Патель выдвинут Трампом на пост директора ФБР. Что о нем известно?
Таджикистан может стать лидером в производстве сурьмы
Трамп пригрозил странам БРИКС пошлинами в 100%, если они откажутся от доллара
Боксер из Таджикистана Асрор Вохидов победил узбекистанца в Екатеринбурге
Байден помиловал своего сына Хантера по двум уголовным делам
США приостановили стратегическое партнерство с Грузией, где идут протесты
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста