Ҳаҷми интиқоли нерӯи барқи Тоҷикистон ба Ӯзбекистон на камтар аз 1,5 млрд. кВт/соат дар як солро ташкил хоҳад дод.
Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати Тоҷикистон хабар дод, интиқоли нерӯи барқ аз Тоҷикистон ба кишвари ҳамсоя охири моҳи март ё аввали моҳи апрел оғоз гардида, дар як сол на камтар аз 1,5 млрд. кВт/соатро ташкил хоҳад дод.
Айни замон Душанбе ва Тошканд дар мавриди нархи интиқоли барқи Тоҷикистон ба Ӯзбекистон ба мувофиқа расиданд.
Дар мавсими тобистон Ӯзбекистон барқро бо арзиши 2 сенти амрикоӣ барои 1 кВт/соат ва дар мавсими зимистон - 2,5 сент барои 1 кВт/соат мехарад.
«Тоҷикистон интиқоли барқро ба Ӯзбекистон дар ҳама гуна вақт оғоз карда метавонад, вале корҳои барқарор кардани 60 килдометр хати интиқоли барқи пайвасткунандаи минтақаи ҷануби Ӯзбекистон бо Тоҷикистон ва амалисозии лоиҳаи ҳифзи табдили барқ (реле) ва автоматика дар шаҳри Турсунзода то ҳол ба итмом нарасида, корҳо дар ин самт босуръат ҷараён доранд», - қайд кард манбаъ.
Охири моҳи декабри соли гузашта зимни суханронӣ дар парлумон вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода изҳор дошта буд, ки аз тобистони соли 2018 Тоҷикистон метавонад ба Ӯзбекистон нерӯи барқ интиқол диҳад.
Он замон ӯ қайд карда буд, ки баъди аз низоми ягонаи муттаҳидаи энергетикии Осиёи Марказӣ хориҷ шудани Тоҷикистон дар моҳи ноябри соли 2009, дар низомҳои энергетикии Тоҷикистону Ӯзбекистон тағйироти назаррас сурат гирифт.
«Баъди аз низоми ягонаи муттаҳидаи энергетикии Осиёи Марказӣ хориҷ шудани Тоҷикистон, шимоли кишвар бо нерӯи барқи истеҳсоли худӣ таъмин шуд, ки қаблан аз нерӯи барқи Ӯзбекистону Қирғизистон истифода мекарданд. Дар навбати худ, минтақаи ҷануби Ӯзбекистон қаблан аз Тоҷикистон нерӯи барқ мегирифт ва баъдан Ӯзбекистон низ худаш онро таъмин мекунад», - қайд кард вазир.
Ӯ таъкид дошт, ки имрӯз Тоҷикистону Ӯзбекистон қотеъона ният доранд, ки низоми ягонаи муттаҳидаи энергетикии минтақаро барқарор кунанд. «Барои ин Ӯзбекистонро лозим аст, ки 60 км хати интиқоли барқи васлкунандаи ҷануби кишвар бо Тоҷикистонро барқарор ва лоиҳаи ҳифзи табдили барқ (реле) ва автоматикаро амалӣ созад», - иброз дошт Усмонзода.
Вазир зикр кард, ки соли 2017 энергетикҳои тоҷик чун соли пешин беш аз 18 млрд. кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол намуданд, ки ба таъмини кишвар бо нерӯи барқ бидуни ҷорӣ сохтани маҳдудият (лимит) имкон дод.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.
Планы Нозии и Мухаммадрофеъ «петь на радость поклонникам и служить стране»
Tcell подписал меморандум с Ilmhona и Re-skill
«Мы никому не рассылали СМС»: «Почтаи точик» предупреждает о мошенниках
В Узбекистане разрешили передавать вокзалы и железнодорожные составы в частные руки
ЕБРР запускает программу «Молодежь в бизнесе» в Таджикистане
«Мама читала, я запоминала». Как Фарахбахш, несмотря на слепоту, победила в конкурсе «Книга – мудрости зари сиянье»
Как Малика Джуракулова меняет мир и борется за права таджикских женщин
На дорогах Душанбе всё чаще замечают LiXiang L9: что за автомобиль покоряет столицу?
Google Pay с Mastercard от Алифа уже доступен: оплачивайте покупки телефоном бесконтактно
«Барки точик»: Если бы не модернизация, мы могли вообще остаться без электроэнергии
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста