Семоҳаи аввали соли равон Тоҷикистон бо шарикони рушд ба маблағи наздики 90 млн. доллар 8 созишномаи нав ба имзо расонид.
Бино ба маълумоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон, маблағи ин созишномаҳо ба амалисозии панҷ лоиҳаи афзалиятнок барои ҷумҳурӣ равона мегарданд.
Гуфта мешавад, дар ҳамин давраи соли 2017 барои амалисозии се лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи 37 млн. доллар созишномаҳо ба имзо расида буданд.
Дар маълумот қайд мешавад, ки сандуқи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ ба санаи 1 апрели соли ҷорӣ аз 68 лоиҳа (23 лоиҳаи грантӣ, 14 лоиҳаи қарзӣ ва 31 лоиҳа дар ҳаммаблағгузории қарзу грант) ба маблағи умумии ҳудуди 3,2 млрд. доллар иборат аст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба миқдори 339 млн. доллар ё худ 13 фоиз зиёдтар мебошад.
Зимнан зикр мегардад, ки дар доираи татбиқи лоиҳаҳои амалкунанда (аз аввали татбиқ то ба 1 апрели соли 2018) 13 млрд. сомонӣ ё 1 млрд. 480 млн. доллар маблағ азхуд карда шудааст, ки ба 46,3 фоизи маблағи умумӣ баробар аст.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.
От "Связи" до "Дусти": Как менялась главная площадь Душанбе?
Что будет, если в Землю врежется небольшой астероид?
Таджикская девушка-боец: Как Фотима Холова остается сильной
Какие достопримечательности можно посмотреть в Иране?
Google сам себе разрешил использовать ИИ для создания оружия и технологий слежки
Чемпионат Таджикистана – третий снизу в рейтинге лиг стран бывшего СССР
Президент США заявил о "неслыханном уровне коррупции" в USAID и потребовал его закрыть
Эмомали Рахмон подписал указ о повышении зарплат, пенсий и стипендий
Как изменились ставки земельного налога в Таджикистане?
Трамп допустил вероятность встречи с Зеленским на следующей неделе
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста