Лоиҳаи қарор дар бораи додани иҷозатнома ба истихроҷи тиллои реза ва металлҳои қиматбаҳо рӯзҳои наздик ба баррасии ҳукумат пешниҳод мегардад, хабар дод зимни нишасти матбуотии имрӯза вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода.

Бино ба гуфтаи ӯ, таҳияи лоиҳаи қарор аз ҷониби гурӯҳи кории Вазорати молия ба итмом расида, айни замон он дар баррасии вазорату идораҳои дахлдори кишвар аст.

“Бо итминон гуфта метавонам, ки лоиҳа дар фурсати наздиктарин ба баррасии ҳукумат пешниҳод ва дар ҷаласаи навбатӣ қабул мешавад”, - гуфт вазир.

Ӯ қайд кард, ки ба шахсони воқеӣ додани иҷозати истихроҷи тиллои реза ва сангҳои қиматбаҳо ташаббуси президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст.

Қобили зикр аст, ки дар Тоҷикистон захираҳои зиёди тилло мавҷуд аст. Дороиҳои тиллои Тоҷикистон аз 137 кон бо захираҳои ҳисобшудаи тиллои саноатӣ ва 127 кон бо захираҳои тиллои ғайрисаноатӣ иборат аст. Конҳои асосии тиллои Тоҷикистон бо захираҳои тавозунӣ дар қисмати марказии ҷумҳурӣ воқеъ мебошанд.

Ҳанӯз нимаи аввали соли 2017 Вазорати молия изҳор дошта буд, ки дар бораи озодона машғул шудан ба истихроҷи тилло ҳуҷҷат омода карда, айни замон он мавриди баррасии ҳукумат қарор дорад.

Баъди мувофиқаи ҳуҷҷат бо вазорату идораҳои дахлдор, ҳамчунин маъқул шуморидани он аз ҷониби ҳукумат, ҳамаи шаҳрвандон ҳуқуқ пайдо мекунанд, ки мустақилона дар асоси қонунӣ ба ҷустуҷӯ ва истихроҷи тилло машғул шаванд.

Агар чунин қарор қабул шавад, шаҳрвандони кишвар дар қаламравҳое, ки дар ихтиёри ин ё он корхонаву ширкат қарор надоранд, метавонанд озодона ба истихроҷу дарёфти тилло машғул шаванд ва барои он иҷозати Вазорати молияро гирифтан зарур аст.

Барои истихроҷи тилло дар қаламравҳои муайян иҷозат дода мешавад. Ин қаламравҳо набояд ба шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ тааллуқ дошта бошанд ва дар онҳо эҳтимоли мавҷудияти ин металл бояд зиёд бошад. Масалан, водиҳои дарёҳои Зарафшон, Панҷ, Язғулом, Ванҷ, Бартанг ва ғайра.

Тиллои дарёфтшударо шахс метавонад озодона ба сохторҳои давлатии молиявӣ фурӯшад. Нархи харидории тилло аз аҳолиро Вазорати молия муқаррар мекунад.

Корхонаи асосии истихроҷ ва истеҳсоли тилло дар Тоҷикистон корхонаи муштараки Тоҷикистону Чин - «Зарафшон» ба шумор меравад, ки аз ҳаҷми умумии истеҳсоли ин металли гаронбаҳо наздики 70%-и ҳиссааш ба он рост меояд.

Ба сурати умум дар Тоҷикистон зиёда аз 10 корхона ба истеҳсоли металлҳои қиматбаҳо машғуланд, ки бузургтарини онҳо дар баробари КМ «Зарафшон», КМ «Апрелевка», корхонаи давлатии «Тиллои тоҷик», корхонаи заршӯйӣ (артел)-и «Одина» ва ширкати «Пакрут» мебошанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.