Аз даҳаи дуюми ҳамин моҳ арзиши гази моеъ дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории пойтахти Тоҷикистон қариб 16% гарон шуд.

Ин навъи сӯзишворӣ, ки аз он беш аз 60%-и мошинҳо дар Тоҷикистон истифода мекунанд, аввали моҳ бо нархи 3,30 сомонӣ барои 1 литр фурӯхта мешуд, вале имрӯз нархи он то ба 3,80 сомонӣ расидааст.

Болоравии арзиши гази моеъро фурӯшандагони он ба афзоиши нархи яклухти он дар кишварҳои содиркунанда нисбат медиҳанд. Ин навъи сӯзишворӣ ба Тоҷикистон асосан аз Қазоқистон ворид мешавад.

Дар Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати Тоҷикистон мегӯянд, бинобар мавҷуд набудани субъектҳои хоҷагидоре, ки дар ин бозор мавқеи ҳукмфармо дошта бошанд, онҳо ба дахолат дар ҷараёни нархгузории газ ҳуқуқ надоранд.

Субъекти хоҷагидоре, ки ҳиссаи он дар ин ё он бозор на камтар аз 35%-ро ташкил медиҳад ё се ширкате, ки ҳиссаашон дар бозор на камтар аз 50% ва ё панҷ субъекте, ки ҳиссаашон дар бозор на камтар аз 70%-ро ташкил медиҳад, субъекти ҳукмфармо шуморида мешавад.

Бино ба маълумоти Хадамот, ба воридоти ин навъи сӯзишворӣ ба Тоҷикистон даҳҳо ширкати гуногун машғуланд, ки ҳиссаи ҳеҷ кадоме аз онҳо ҳатто аз 20% зиёд нест.

Бо вуҷуди ин, таъкид доштанд дар Хадамот, ин бозор доимо зери назорат қарор дошта, асоснокии болоравии нарх санҷида мешавад.

Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, нархи гази моеъ давоми моҳҳои январ-октябри соли равон қариб 19% поин рафт: аз 4,1 сомонӣ барои 1 литр дар аввали сол то ба 3,30 сомонӣ дар охири моҳи октябр.

Соли 2018 ба Тоҷикистон 380,7 ҳазор тонна гази моеъ ворид карда шуд, ки 286,9 ҳазор тоннааш ба Қазоқистон рост меояд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.