Хуруҷи коронавирус дар Чин ба муносибатҳои тиҷоратии Тоҷикистон бо ин кишвар монеа эҷод накард.

Муовини сардори Хадамоти гумруки назди ҳукумати Тоҷикистон Азим Турсунзода зимни нишасти хабарии имрӯза изҳор дошт, ки тӯли ду моҳи аввали ҳар сол дар робита ба ҷашнҳои солинавӣ дар Чин маъмулан қадре коҳиши муомилоти мол байни ду кишвар ба мушоҳида мерасад.

“Дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта тағйирот начандон назаррас аст. Танҳо воридоти техникаи нақлиётӣ 51 адад кам шуд”, - қайд кард Турсунзода.

Кумитаи бехатарии озуқавории ҶТ пас аз хуруҷи коронавирус дар Чин воридоти ҳама гуна маҳсулоти ғизоиро аз ин кишвар ба Тоҷикистон манъ кард.

Муовини сардори Хадамот ҳамчунин қайд кард, ки вазифаи онҳо аз пайгирии қочоки молу маҳсулот, иҷрои супориши ҳукумат оид ба назорати воридоти маҳсулоти хӯрокворӣ аз Чин иборат мебошад.

“Бо вуҷуди коронавирус, муносибатҳои тиҷоратии Тоҷикистону Чин дар ҳоли рушд қарор доранд. Соли 2019 содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба Чин – 5% аз ҳаҷми умумӣ ва воридот – 18,2%-ро ташкил дод. Ҳаҷми умумии муомилоти мол дар соли 2019 байни ду кишвар ба зиёда аз 656 млн доллар баробар шуд”, - хабар дод Турсунзода.

Мувофиқи маълумоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ, аз Чин ба Тоҷикистон асосан маҳсулоти ғайриозуқа – масолеҳи сохтмон, техникаи гуногун, дастгоҳу таҷҳизот ва ғайра оварда мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.