Нархи гази моеъ дар нуқтаҳои фурӯши Тоҷикитсон то 4,40 сомонӣ боло рафта, ба гароншавии хизматрасонии такси ва нақлиёти боркаш боис гардид.

Ба ақидаи сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати Тоҷикистон Абдумаҷид Муминзода, ҳозир қимат шудани газ ба манфиати худи ширкатҳои воридкунанда низ нест, зеро ронандагони автомашинаҳо метавонанд ба истифодаи бензин гузаранд.

“Нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ метавонанд мизоҷони худро аз даст дода, мутаносибан даромадашон ҳам кам мешавад”, - иброз дошт ӯ зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе.

Тибқи маълумоти санҷиши Хадамоти зиддиинҳисорӣ оид ба ин масъала, арзиши аслии яклухти воқеии як литр гази моеъ дар бозори дохилӣ 3 сомониву 20 дирамро ташкил медиҳад.

Айни замон гурӯҳҳои кории Хадамоти зиддиинҳисории кишвар ба санҷиши як қатор ширкатҳои воридкунандаи газ дар мавриди ин масъала оғоз кардаанд.

“Дар сурати ошкор шудани беасос боло бурдани нарх қонуншиканон ҷазои маъмурӣ мегиранд”, - ваъда дод роҳбари Хадамот.

Зикр шуд, ки 15 ширкат ба таҳвили гази моеъ аз хориҷи кишвар ба ҷумҳурӣ машғуланд ва ҳиссаи ҳеҷ кадоме аз онҳо беш аз 20% нест. Ширкати ватании “Алад” ба 17% ва “Газпром” - ба 8,4% ҳиссаи бозори гази моеъ дар Тоҷикистон соҳибанд.

Қобили зикр аст, ки бинобар мавҷуд набудани субъектҳои хоҷагидоре, ки дар бозори гази моеъ мавқеи ҳукмфармо дошта бошанд, Хадамоти зиддинҳисорӣ ба дахолат дар ҷараёни нархгузории газ ҳуқуқ надорад.

Мувофиқи қонунгузории зиддиинҳисорӣ, субъекти хоҷагидоре, ки ҳиссаи он дар ин ё он бозор на камтар аз 35%-ро ташкил медиҳад ё се ширкате, ки ҳиссаашон дар бозор на камтар аз 50% ва ё панҷ субъекте, ки ҳиссаашон дар бозор на камтар аз 70%-ро ташкил медиҳад, субъекти ҳукмфармо шуморида мешаванд.

Тоҷикистон ҳамасола ба зиёда аз 400 ҳазор тонна гази моеъ ниёз дорад. Бино ба маълумоти Вазорати энергетика, соли гузашта ба ҷумҳурӣ беш аз 430 ҳазор тонна гази моеъ ворид гардида буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.