Сарфи назар аз мушкилоти молиявии вобаста ба пандемияи коронавирус, музди меҳнати кормандони буҷет, нафақа ва стипендияҳо аз 1 сентябр зиёд мешаванд.
“Маблағҳои зарурӣ бо ин мақсад дар буҷети соли равон пешбинӣ шудааст”, - изҳор дошт вазири молия Файзиддин Қаҳҳорзода зимни нишасти матбуотии имрӯза дар Душанбе.
Ӯ қайд кард, ки болоравии маошу нафақа ва стипендияҳо ба андозае, ки президенти мамлакат дар паёмаш ба парлумон зикр карда буд, сурат мегирад.
Ёдрас мекунем, ки президенти Тоҷикистон дастур дод, ки аз 1 сентябр маоши кормандони буҷет, инчунин нафақа ва стипендияҳо ба андозаи 10-15% боло барда шаванд.
Афзоиши маоши кормнадони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ ба андозаи 10%, кормандони дигар муассисаҳои буҷетӣ, инчунин нафақа ва стипендияҳо - дар ҳаҷми 15% пешбинӣ шудааст.
Ғайр аз ин, болоравии ҳаҷми нафақаи маъюбони синни то 18-сола, инчунин бекорон ва гурӯҳи шахсони маъюби ба нигоҳубин ниёзманд ба андозаи 50% ба нақша гирифта шудааст.
Айни замон музди меҳнати ҳадди ақал (минималӣ) дар Тоҷикистон 400 сомонӣ (41 доллар) ва музди меҳнати миёнаи номиналӣ дар як моҳ - 1406 сомонӣ (136 доллар)-ро ташкил медиҳад.
Маблағи нафақаи миёна дар ҷумҳурӣ ба 303 сомонӣ (31 доллар) баробар аст.
Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти Агентии омори кишвар, маблағи умумии қарз аз музди меҳнат бо назардошти бақияи солҳои пешин дар аввали моҳи июн ба 67 млн 386 ҳазор сомонӣ (зиёда аз 6,5 млн доллар) расидааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
В Душанбе открыли новое здание ЭКО-клиники Soranus
Пропавшего 21 год назад таджикистанца нашли в Казахстане
Чтобы не видеть женщин. Эмир «Талибана» издал указ о расположении окон в домах
Температура в батареях отопления: как самостоятельно проверить достаточно ли они горячие?
В Чечне объявили террористами людей, занимающихся майнингом криптовалют
Представители сборной Таджикистана вошли в топ-4 рейтинга года от UWW
Китай одобрил строительство крупнейшей в мире ГЭС в Тибете
Срок легализации денег и имущества в Таджикистане продлевают еще на год
Таджикистан и Пакистан обсудили борьбу с терроризмом
Самые важные события 2024 года для Таджикистана по версии «Азия-Плюс»
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста