Қарзи корфармоёни Тоҷикистон назди кормандон беш аз 67,3 млн сомониро ташкил дода, 20 млн сомониии он тӯли 6 моҳи ҳамин сол ба вуҷуд омадааст.

Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Гулрӯ Ҷабборзода зимни нишасти матбуотии рӯзи 23 июл дар ин робита изҳор намуд, ки масоили вобаста ба пардохти саривақтии музди меҳнат ва пешгирии қарздорӣ аз он мудом зери назорати сохторҳои вазорат қарор дорад.

Ба гуфтаи ӯ, нимсолаи аввал Хадамоти нозирот дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғди аҳолӣ нисбати 38 роҳбари корхонаву ташкилот санадҳо дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, ба маблағи умумии 49 ҳазору 176 сомонӣ ҷарима ситонид.

Роҳбари Хадамоти зикршуда Дӯстмурод Муродзода қайд кард, ки зиёда аз 18 ҳазор нафар кормандони соҳаҳои гуногун саривақт маош нагирифта, ҳамагӣ 131 нафари онҳо ба Хадамот дар ин бора шикоят кардаанд.

“Аксарият метарсанд, ки ҷойи корашонро аз даст медиҳанд, аз ин рӯ, хеле кам ба мо муроҷиат мекунанд”, - изҳор дошт Муродзода. - Мо ҳамеша пайи бартараф кардани ин камбудиҳо кӯшиш ба харҷ медиҳем”.

Ӯ аз кормандон даъват кард, ки аз сомонаи Хадамот ва саҳифа дар Фейсбук истифода баранд.

Сардори Хадамот инчунин зикр кард, ки қарзҳо ба маблағи беш аз 2 млн сомонӣ аз Агентии омор пинҳон карда шудаанд.

Лекин дар нишасти матбуотии Вазорат аз корхонаву ташкилотҳои аз ҳама бештар қарздор аз пардохти маош маълумот дода нашуд.

Қобили зикр аст, ки моҳи октябри соли гузашта зимни вохӯрӣ бо роҳбарон ва фаъолони Федератсияи мустақили иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон аз саривақт пардохт нашудани музди меҳнат ба кормандони соҳаҳои гуногун изҳори нигаронӣ карда буд.

Он замон сарвари давлат ба Вазорати меҳнат ва Федератсияи мустақили иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон дастур дода буд, ки дар ҳамдастӣ бо шарикони иҷтимоӣ, вазорату идораҳо, роҳбарони вилоят ва шаҳру навоҳӣ оид ба ҳалли масъалаи мазкур чораҳои мушаххас ва муассир андешанд.

Мутобиқи моддаи 158 Кодекси меҳнати ҶТ, агар музди меҳнат бо гуноҳи корфармо аз муҳлати муқарраршуда дертар пардохт карда шавад, вай уҳдадор аст ба андозаи фоизи меъёри бонкӣ, ки дар маҳалли иҷрои кор дар рӯзи пардохти маош мавҷуд аст, барои ҳар рӯзи таъхири пардохти маош маблағи иловагӣ диҳад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.