Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон чанде аз ширкатҳои воридкунандаи гази моеъро ба ҷумҳурӣ барои беасос боло бурдани нархи чаканаи он ҷарима баст.
Тавре ба “Азия-Плюс” аз Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати Тоҷикистон хабар доданд, дар натиҷаи баргузории санҷиш ошкор шудааст, ки баъзе ширкатҳо арзиши ин навъи сӯзишвориро беасос боло бурдаанд.
Ба гуфтаи манбаъ, тайи моҳи ахир дар робита ба босуръат болоравии нархи гази моеъ кормандони Хадамот аз 15 ширкате, ки ба воридот ва фурӯши гази моеъ ба кишвар машғуланд, дар 10-тоаш санҷиш гузаронидаанд.
“Дар натиҷаи санҷиш маълум шуд, ки чанде аз ширкатҳо ҳатто маблағҳои ба хайрия, сарпарастии дастаҳои футбол, инчунин аъзоҳаққӣ ба Иттиҳодияи таҳвилгарони маҳсулоти нафати ва гази моеъи кишвар равонакардаашонро дар хароҷоти худ нишон додаанд, ки ба қонунгузории кишвар мутобиқ нест”, - гуфтанд дар Хадамот.
Ба иттилои манбаъ, маблағи умумии ҷарима 1,1 млн сомониро ташкил дод, ки аз ҷониби Хадамоти зиддиинҳисорӣ ба буҷети ҷумҳуриявӣ равона шуд.
Зимнан зикр шуд, ки айни замон дар 5-то боқимонда ширкати таҳвилгару фурӯши ин навъи сӯзишворӣ санҷиш гузаронида шуда истодааст.
Дар Хадамот зикр карданд, ки ба туфайли ин кор арзиши гази моеъ дар ҷумҳурӣ ба ҳисоби миёна аз 4,7 сомонӣ (барои 1 литр) дар аввали моҳи август то ба 4,3 сомонӣ ба ҳолати 7 сентябр поин рафт.
Дар Хадамот маълумот дар бораи аз ҷониби ширкати қазоқистонии «CNPC-Актобемунайгаз» ва яке аз корхонаи «Узбекнефтегаз» қатъ шудани интиқоли гази моеъро ба Тоҷикистон тасдиқ намуданд.
Манбаъ зикр кард, ки ширкати Қазоқистон бинобар сабаби корҳои таъмир дар он газ интиқол надода, корхонаи Ӯзбекистон дар робита ба камбуди гази моеъ дар худи бозори Ӯзбекистон таҳвили ин навъи сӯзивориро то охири сол қатъ намуд.
“Лекин, - гуфт ҳамсуҳбати мо. - Бо ин сабаб дар бозори гази моеъи Тоҷикистон ҳеҷ мушкиле пеш нахоҳад омад, зеро ҳаҷми зарури ин навъи сӯзившорӣ аз дигар корхонаҳои давлатҳои хориҷӣ низ оварда мешаванд”.
Таъкид шуд, ки гази моеъ ба ҷумҳурӣ асосан аз Қазоқистон (ҳудуди 93% аз ҳаҷми умумӣ), инчунин аз Ӯзбекистон (наздики 6%) ва Русия (тақрибан 1%) оварда мешавад.
Тибқи маълумоти Хадамоти зиддиинҳисорӣ, ширкатҳои асосии воридкунандаи гази моеъ ба Тоҷикистон «Алат» (18%), «Темур Ойл» (11%), «Ғайрат» (10%), «Октан сервис» (10%) мебошанд.
Қобили зикр аст, ки давоми моҳҳои январ-июли соли равон ба Тоҷикистон 264,2 ҳазор тонна гази моеъ ворид карда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 14 ҳазор тонна зиёдтар аст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.