Ҳукумати Тоҷикистон ният дорад, ки имсол барои маблағгузории сохтмони Неругоҳи барқи обии “Роғун” дар ҳаҷми 314,5 млн евро қарзҳои имтиёзнок дастрас кунад.

Доир ба ин масъала дар «Барномаи қарзгирии берунаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023» ва дурнамои нишондиҳандаҳои он барои солҳои 2024-2025 сухан меравад.

Дар санад сарчашмаҳои қарздиҳӣ дақиқ зикр нашудааст. Қаблан ба “Азия-Плюс” аз дафтари кории марказии Бонки аврупоии сармоягузорӣ (БАС) хабар дода буданд, ки дар ҳамдастӣ бо Комиссияи Аврупо рӯйи муайян кардани шароит ва имконоти маблағгузорӣ ба идомаи сохтмони неругоҳи “Роғун” кор мекунанд. БАС муассисаи моливӣ ва қарзии Иттиҳоди Аврупо мебошад, ки ба рушди минтақаҳои қафомонда қарзҳои дарозмуҳлат ҷудо мекунад.

Зикр шуда буд, ки БАС лоиҳаҳоро ҳам аз лиҳози пешниҳоди машваратҳо ва ҳам аз тариқи маблағгузории дарозмуҳлат дастгирӣ намуда, инчунин грантҳои Иттиҳоди Аврупо бо маблағгузории БАС якҷоя амалӣ шуда метавонанд.

Дар БАС муҳимияти амалисозии лоиҳаи неругоҳи “Роғун” чунин зикр карданд, ки он ба “ҷудо кардани вобастагии иқтисоди Тоҷикистон аз сӯзишвории истихроҷӣ” кумак карда, ба “бунёди сарчашмаи тоза, устувор ва барқароршавандаи электроэнергия” мусоидат менамояд.

Аммо пеш аз ин Reuters бо истинод ба намояндагони расмии Иттиҳоди Аврупо хабар дода буд, ки Бонки аврупоии сармоягузорӣ ният дорад, ки сармоягузори бузургтарини неругоҳи барқи обии “Роғун” шавад.

“Иқдоми мазкур ба коҳиши вобастагии кишварҳои Осиёи Марказӣ аз энергияи Русия равона гардида, посухи Иттиҳоди Аврупо ба ташаббуси “Як камарбанд, як роҳ”-и Чин мебошад”, - зикр шуда буд дар хабар.

Мебояд гуфт, дар бораи нияти ҷалби қарзҳои имтиёзнок аз бонкҳои аврупоӣ ба маблағи зиёда аз 300 млн евро, Вазорати молияи Тоҷикистон ҳанӯз охири соли 2020 хабар дода буд. Дар назар буд, ки маблағҳо аз бонкҳои “Credit Suisse”-и Швейтсария ва “Landesbank Baden-Wuerttemberg”-и Олмон дастрас мешаванд.

Ҳоло маълум нест, ки ба маблағгузорӣ дар давоми сол аз ҷониби кадом бонки мушаххас, ки дар Барномаи қарзгирӣ зикр шудааст, умедвор метавон буд.

Натанҳо бонкҳои аврупоӣ

Ҳукумати Тоҷикистон низ доир ба ҷалби қарз аз ниҳодҳои молиявии байнулмилалӣ барои идомаи сохтмони неругоҳи “Роғун” гуфтушунид дорад.

Тобистони соли гузашта вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода ба “Азия-Плюс” хабар дода буд, ки имкони маблағгузорӣ ба ин лоиҳаро ҳукумати кишвар бо шарикони рушд баррасӣ намуда, ба ҳамоҳангсозии ин корҳо бо дархости ҳукумати кишвар Бонки ҷаҳонӣ машғул аст.

Завқизода таъкид дошт, ки аз ҷумла ҳаҷми зарурии маблағ барои идомаи сохтмони НБО “Роғун” муайян карда шуда, пас аз ин ҳар кадоме аз шарикони рушд имконоти худро оид ба маблағгузорӣ баррасӣ мекунад.

Дар нимаи моҳи июли соли 2022 раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо бунёдкорони нерӯгоҳи барқи обӣ гуфта буд, ки мутахассисони Бонки Ҷаҳонӣ ба сохтмони Роғун рафта, корҳои заруриро анҷом доданд.

«Мо итминон дорем, ки тамоми корҳои марбут ба ҷалби маблағ барои анҷоми сохтмон дар ҳамкорӣ бо Бонки ҷаҳонӣ то охири соли равон анҷом ёфта, дар соли 2023 маблағгузорӣ аз ҷониби шарикони рушд ва дигар ниҳодҳои молиявӣ оғоз мегардад», - хулоса кард ӯ.

Дар баробари Бонки ҷаҳонӣ, Бонки осиёии рушд ва Бонки аврупоии таҷдиду рушд низ аз ҷумлаи мададрасонони имконпазири сохтмони неругоҳи “Роғун” номбар мешаванд.

Сурат: Rogunges.tj

Боз чӣ қадар маблағ лозим аст?

Барои идомаи сохтмони НБО “Роғун” тибқи маълумоти Вазорати энергетикаи Тоҷикистон, на камтар аз 5 млрд доллар маблағ зарур аст. Лекин арзиши чунин лоиҳаҳои бузурги дарозмуддат бар асари бозбинӣ шудани нархи баъзе кору хидматрасониҳо, инчунин тваваррум ва баръакси он (девалватсия) метавонад ба самти зиёдшавӣ тағйир ёбад.

Соли 2008 замони оғози барқарор намудани амалисозии лоиҳа, маблағи он 3 млрд доллар арзёбӣ шуда буд. Сипас соли 106 дар баргузории тендери байнулмилалӣ арзиши лоиҳа 3,9 млрд доллар эълон шуд.

Айни замон маблағгузорӣ ба неругоҳи “Роғун” танҳо аз ҳисоби давлат сурат мегирад, ки барои идомаи бомароми сохтмони иншоот кифоя нест.

Президенти кишвар охири моҳи декабр дар паёми худ ба парлумон зикр кард, ки соли 2022 барои корҳои сохтмон дар НБО “Роғун” 3,2 млрд сомонӣ (ҳудуди 315 млн доллар) равона гардида буд.

Бо назардошти маблағгузории соли гузашта ба идомаи сохтмони неругоҳи “Роғун”, аз соли 2008 барои бунёди ин иншоот аллакай зиёда аз 40 млрд сомонӣ масраф шудааст.

МАЪЛУМОТНОМАИ “АЗИЯ-ПЛЮС”:

НБО “Роғун” бузургтарин неругоҳи барқи обӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ мешавад, ки иқтидори муқарарраршудааш 3600 МВт-ро ташкил хоҳад дод.

Пас аз пурра мавриди истифода қарор гирифтан ҳаҷми солонаи истеҳсоли неруи барқ дар он аз 13 то 17 млрд киловатт-соатро ташкил медиҳад, ки тақрибан ба 75% аз ҳаҷми истеҳсоли ҳамаи иқтидорҳои мавҷуда дар кишвар баробар аст.

Айни замон ду гидроагрегати НБО “Роғун” бо иқтидори нопурра кор мекунанд. Дар толори мошинҳои неругоҳ ба сурати умум, насби 6 агрегат бо итидори 600 МВт ҳар кадоме ба нақша гирифта шудааст.

Дар назар аст, ки сохтмони неругоҳ соли 2033 пурра ба анҷом мерасад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед